Игор Кизима: Баъд аз ҳамла ба Украина, бовар кардам, ки Русия ба ҳар кор қодир аст. ВИДЕО

Намояндаи Украина дар Тоҷикистон мегӯяд, се хонаводаи украинӣ аз тарси ҷанг ба Тоҷикистон паноҳ овардаанд.

Игор Кизима, намояндаи комилҳуқуқ ва муваққатии Украина дар Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки эҳтимол теъдоди украиниҳое, ки ба ин кишвар омдаанд, бештар бошанд. Ӯ гуфт, ҳоло бо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд, то теъдоди дақиқи паноҳандагони украиниро маълум кунанд ва ба онҳо кумак расонанд. Ин дипломат дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина ва украиниҳое, ки ба Тоҷикистон фирор кардаанд, бо хабарнигорони Радиои Озодӣ суҳбат кард.

Се хонавода аз Украина ба Тоҷикистон омадаанд

Игор Кизима: Аз рӯи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Украина, ки бо берун бурдани шаҳрвандону донишҷӯён сарукор доштанд, шумори онҳо тахминан ду ҳазор нафар буд. Донишҷӯён аз шаҳрҳои Харков, Черинигов, Суми ва Одесса мебошанд. Ин шаҳрҳо зери тирборони русҳо қарор доранд. Ҳамаи шаҳрвандон аз сарҳадҳои ғарбии Украина берун бурда шуданд. Онҳо аз тариқи Руминия ва Лаҳистон ба Тоҷикистон интиқол дода шудаанд. Онҳо ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам Украина буданд.

Дар мавриди шаҳрвандони Украина гуфта метавонам, ки онҳо барои сабти ном шудан ба сафорати мо меоянд, вале на ҳама. Дар маҷмӯъ, се хонавода ба Тоҷикистон омадаанд ва мо онҳоро сабти ном кардаем. Як оила ба яке аз минтақаҳо рафтанд ва ду хонавода дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Ахиран, дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита бо ҷойи кор ва таҳсили фарзандони ин оилаҳо мулоқоте доштем. Посухи мусбат дарёфтем. Ин масъалаҳоро ҳукумати кишвар баррасӣ мекунад. Дархости асосии мо ин аст, ки марзбонони тоҷик дар бораи ҳамаи нафарони аз Украина ба Тоҷикистон омада, барои мо хабар диҳанд. Зеро, нафарони аз даҳшати ҷанг дар Харков беруншуда, вақте ба кишвари амн мерасанд, талош мекунанд, ки ин азиятҳои ҷангро зудтар фаромӯш кунанд.

Радиои Озодӣ: Чӣ теъдод аз ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои Украина таҳсил мекарданд?

Игор Кизима: То ҷое ман иттилоъ дорам, онҳо 101 нафаранд ва баъд аз анҷоми ҷанг таҳсили худро дар Украина идома медиҳанд. Ҳамаи донишҷӯён бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Украина аз маҳалли ҷанг берун оварда шудаанд.

Радиои Озодӣ: Муҳтарам сафир, бо оғози ҷанге, ки Русия дар Украина пеш мебарад, вазъи кори шумо дар Тоҷикистон чӣ гуна аст? Муносибати байни ду тараф ҳоло чӣ тавр аст?​

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Сарнавишти Роғун чӣ мешавад?

Игор Казима: Ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Украина ҳамеша бар пояи манфиатҳои дутарафа тавсеа меёфт. Дар гузашта додугирифти маҳсулот миёни кишварҳои мо ба як миллион доллари амрикоӣ мерасид.

Радиои Озодӣ: Шояд як миллиард доллар бошад?​

Игор Кизима: Не, як миллион доллар. Мо танҳо бо бархе аз кишварҳо ба маблағҳои миллиарддолларӣ додугирифт дорем. Вале, баъди Қриму Донбасро ишғол кардани Русия ҳамкориҳо маҳдуд шуданд. Бо оғози ҷанг ҳама робитаҳо қатъ шуданд. Шумо медонед, ки Украина бо Тоҷикистон танҳо иртиботи заминӣ тавассути қаламрави Русияро дорад. Яъне, роҳи оҳан ва мошингард. Дар натиҷа, додугирифти тиҷоратӣ панҷ маротиба коҳиш ёфт. Феълан, нишондод ҳамин тавр аст.

Радиои Озодӣ: Ҷанг ба ягон қарордоди муҳим байни Тоҷикистону Украина таъсир гузошт? Сарнавишти тавлиди чаҳор чархаи нерӯгоҳи “Роғун” дар корхонаҳои украинӣ чӣ мешавад?​

Игор Кизима: Мо сари тарҳи асосӣ кор кардем. Назари ҷониби Тоҷикистон ба идомаи сохтмони нирӯгоҳи Роғун мусбат буд. Ду чархаи аввали ин нерӯгоҳ, ки тавассути онҳо нерӯи барқ тавлид шуда, ба Афғонистону Узбекистон содирот мешавад, бо мусоидати корхонаҳои “Тяжмаш” ва “Энергоспесмонтаж” сохта ва насб шудаанд. Ин корхонаҳо дар Харков ҷойгир ҳастанд. То оғози ҷанг роҳбарони ин корхонаҳо қасд доштанд ба Тоҷикистон барои баррасии идомаи ҳамкориҳо сафар кунанд. Зеро тавозуни нарх ва сифати кори ин корхонаҳо моро умедбахш мекард, ки дар озмун барои гирифтани супориши сохти чаҳор чархаи дигари ин нерӯгоҳ ширкат бикунем. Аммо, ҷанг монеи ин кор шуд. Ҳоло намедонем, ки баъд аз ҷанг ин корхонаҳо дар чӣ вазъ хоҳанд буд. Вале, раиси ҷумҳури мо умедвории зиёд дорад.​

Радиои Озодӣ: Оё мақомоти тоҷик нигаронӣ накардаанд, ки Украина наметавонад ин чархаҳои нерӯгоҳро тавлид кунад?​

Игор Кизима: На, чунки ҳанӯз мувофиқаҳои ниҳоӣ ҳосил нашуда буд. Барои ин мо нахуст бояд дар озмун ширкат карда, ғолиб шавем. Он гоҳ мо ба тавлиди ин чархаҳо шурӯъ мекунем.​

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон онҳое, ки аз Русия ҳимоят мекунанд, мегӯянд, ки ҳукумати Украина бо амал ва гоҳе беамалии худ дар 8 соли ахир сабабгори ин ҷанг шуд. Шумо ба онҳо чӣ мегӯед?

Дар бораи “миллатгароҳо” ва даъвоҳои Русия

Игор Кизима: Кадом амалҳо?

Радиои Озодӣ: Иҷро накардани қарорҳои “Чоргонаи нормандӣ” ва ҳамлаҳои низомӣ ба Донбасс. Зеро, бештаре аз сокинони Тоҷикистон зери таъсири расонаҳои русӣ қарор доранд ва ба ин боваранд, ки маҳз ҳамин амалҳо боиси ҳамлаи низомии Русия ба Украина шудаанд.​

Игор Кизима: Агар дар бораи “Чаҳоргонаи нормандӣ” ҳарф занем, бояд гӯям, ки ман дар гурӯҳи сиёсии “Тавофуқоти Минск” фаъолият доштам. Шартҳои асосии ин тавофуқот оташбас ва берун кашидани нерӯҳо буд, ки ҷониби Русия аз аввал онҳоро иҷро намекард. Иддаои он, ки Украина ин қарорҳоро иҷро накардааст, гапҳои беақлона аст. Агар манзуратон «ҳузури нозиҳо» дар Украина бошад, ин як афсона аст. Мутмаинам, агар шумо имкони тамошои шабакаҳои дигари телевизионӣ, телевизионҳои аврупоиро медоштед, боварӣ ҳосил мекардед, ки ҳоло барои полки “Азов”, ки онро Русия “нозӣ” номидааст, чӣ қадар ҷангидан душвор аст. Онҳо дар Марупол аққалият ҳастанду таҳти таҳдиди марг сокинонро муҳофизат мекунанд. Талош доранд долонҳои башардӯстона кушода, гурезаҳоро аз шаҳр берун ва кӯмакҳои башардӯстона биоранд. Русия ба мо иҷозат намедиҳад ва ҳамеша долонҳои башардӯстонаро гулӯлаборон мекунад. Гузашта аз ин, онҳо иҷборан шаҳрвандони Украинаро ба Русия мебаранд, то ки сипас онҳоро ба асирони низомии худ иваз кунанд.​

Сабаби ҷанг аз нигоҳи Игор Кизима

Радиои Озодӣ: Гоҳе ин ақида ҳам садо медиҳад, ки гӯё Украина бо такя ба ҳимояти Ғарб ва НАТО ҳадафи ҳамла ба Донбасро дошт ва гӯё ҳамин чиз ҳам боиси ҳамлаи Русия ба Украина шуд. Ин воқеият дошта метавонад?

Игор Кизима: Вақте дар бораи робитаҳои хуб бо Ғарб ё НАТО мегӯянд, ин гап пурра нест. Мо бо ҳама кишварҳо робитаҳои хуб дорем. Мутассифона, ин воқеиятро дар Русия дарк кардан намехоҳанд. Дуруст аст, ки тӯли ҳашт соли ахир баъд аз фароҳам шудани омадурафти бидуни виза ба Аврупо украиниҳо шоҳиди зиндагии хубтар шуданд. Онҳо дар бораи чунин зиндагӣ орзу мекарданд. Онҳо мисли аврупоиҳо ва лаҳистониҳои ҳамсояашон зиндагӣ кардан мехоҳанд. Дигар ҳеҷ кас ба Русия, ки моро зӯран ба он ҷо баргардониданӣ ҳастанд, рафтан намехоҳад. Яъне, бозгашт ба шӯравии собиқ. Магар талоши зиндагии беҳтар метавонад сабаби ҷанг шавад? Ё ин ки маҷбур кардан ба ин ки бо хости онҳо зиндагӣ кунанд. Ин аст сабаби ҷанг? Русия боз сабабҳои дигарро ба забон меорад, мисли «мубориза бо нозӣ» ва ғайринизомӣ кардани Украина. Лекин чаро касе ба тавсеаи низомии Русия монеъ намешавад? Касе ба онҳо намегӯяд, ки чӣ тавр бояд зист. Чаро Украина бояд азоби ин ҳамаро бикашад?​

Радиои Озодӣ: Русия вокуниши кишварҳои пасошӯравиро ба ҷанге, ки дар Украина роҳандозӣ кард, то куҷо таҳти назорат дорад? Чаро баёнияҳои ин кишварҳо зуд-зуд тағйир меёбад ё давлатмардоне, ки баёния доданд, ба мушкил рӯбарӯ мешаванд?​

Игор Кизима: Кишварҳое ҳастанд, ки узви СПАД мебошанд. Онҳо ӯҳдадориҳои муайян доранд. Аммо вақте Русия аз онҳо дархости кӯмаки низомӣ кард, ҳеҷ як кишваре ин кӯмакҳоро пешниҳод накард.​

“Тоҷикистонро дарк мекунем”

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, ин кишварҳо дар сурати дастгирӣ накардани Русия бо мушкилоте рӯбарӯ мешаванд?​

Игор Кизима: Мо касеро сар ба сар задан намехоҳем. Мо хостори зиндагӣ дар шароити сулҳ ҳастем ва касе ба мо ҳамла накунад. Муносибатҳои мо бо Тоҷикистон хуб меш мераванд. Шумо мегӯед, ки мавқеи Тоҷикистон рӯшан гуфта намешавад. Ман бо чунин бардошт розӣ нестам. Вақте дар СММ мавзӯи Украина баррасӣ мешавад, Тоҷикистон ҳамеша ба пуштибонӣ аз истиқлол ва тамомияти арзии Украина раъй медиҳад. Ин муҳимтарин нукта аст. Албатта, масоили дигаре ҳастанд, ки Тоҷикистон аз онҳо вобаста аст. Дар Русия як миллион муҳоҷири кории тоҷик ҳаст, ки хонаводаҳои худро аз ҳисоби маблағҳои дар Русия ба даст оварда мехӯронанд. Борҳо чунин мавридҳо шудааст, ки дар пайи баёнияҳои бо Русия ҳамоҳанг нашуда, бештаре аз ин муҳоҷирон депортасия ё ихроҷ мешаванд. Тоҷикистон, албатта инро намехоҳад. Гузашта аз ин, хатароте аз марзҳои ҷанубӣ вуҷуд доранд ва ҳар як баёнияи беҷо метавонад тавозуни сулҳ дар минтақаро ба ҳам занад.​

Радиои Озодӣ: Вақте дар бораи хатарҳо аз ҷануб мегӯед, манзуратон Афғонистон аст?​

Игор Кизима: Бале.​

Радиои Озодӣ: Агар дуруст фаҳмида бошам, шумо ишора доред, ки дар сурати даркорӣ Русия метавонад вазъият дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро муташанниҷ созад?​

Игор Кизима: Баъд аз ҳамла ба Украина, баъд аз ҳодисаҳое, ки дирӯз дар кишвари ман рух дод, мутмаинам, ки Русия ба ҳар кор қодир аст. Ҳар коре, ки метавонад, аз ҷумла ба Тоҷикистон зарар бирасонад. Фикр мекунам, шумо дар бораи ҳодисаҳои рухдода дар шаҳрҳои Ирпен, Буча ва Гастомел огаҳӣ доред. Баъд аз берун рафтани нерӯҳои русӣ дар он ҷо гӯрҳои дастҷамъона пайдо карда шуданд, ки дар онҳо садҳо нафар, беш аз сесад нафар кушта ва гӯронида шудаанд. Инҳо ҳама сокинони мулкӣ буданд. Шоҳидоне ҳастанд, ки мегӯянд, пеш аз қатл онҳо азият дода шудаанд. Мо ваҳшонияти фашистонро фаромӯш накарда будем, ки дубора ин хотираҳо тоза шуданд. Наход, ки ин амалҳо дубора рух медиҳанд ва наход ҷомеаи ҷаҳонӣ гузорад, ки ваҳшоният беҷазо монад.

Радио Озодӣ: Таърих гувоҳ аст, ки ҳама гуна ҷангу низоъ бо сулҳ меанҷомад. Чӣ замоне метавонем сулҳ дар Украинаро интизор бошем ва аслан раванди музокироти сулҳ чӣ тавр пеш меравад?​

Игор Кизима: Музокироти ахир дар Истамбул нишон доданд, ки Русия барои пешравиҳои муайян дар ин замина омода аст. Вале дастёбӣ ба мувофиқа ҳанӯз хеле барвақт аст. Мо бар ин назарем, ки масоили асосӣ дар ин музокирот оташбас ва берун бурдани нерӯҳо, таъмини долонҳои башарӣ, табодули ҷасадҳои кушташудагон ва асирҳо мебошанд. Ҳамчунин Украина мехоҳад мавзӯи созишномаи кафолати бехатариро матраҳ кунад.

“Ба сулҳи Русия бовар надорам”

Радиои Озодӣ: Баъд аз расидан ба сулҳ, ки мо низ хостори он ҳастем, шумо равобити миёни Киев ва Душанберо чӣ гуна тасаввур мекунед?

Игор Кизима: Мо робитаҳои хуб ва заминаҳои ҳуқуқии онро дорем, ки бар пояи созишномаи дӯстиву ҳамкориҳо аз соли 2001 рушд меёбад. Мо ин созишномаро бидуни нигоҳе ба Русия ё кишвари дигаре имзо карда будем. Ин робитаҳои дуҷонибаи мо аст ва ҳамаи қарордодҳо мавриди иҷро ҳастанд. Мо ҷониби Тоҷикистонро огаҳ кардаем, ки дар шароити ҷангӣ наметавонем бархе аз муқарророти ин созишнома, аз ҷумла, дар бахши ҳуқуқиро иҷро кунем. Вале ин танҳо дар замони ҷанг аст. Баъд аз анҷоми ҷанг мо ҳамкориҳоро мисли пештара тавсеа хоҳем дод. То оғози ҷанг мо пайваста ҷаласаҳои комиссияи ҳамкориҳои дуҷонибаро баргузор мекардем ва дар моҳи октябри соли гузашта ҷаласаи шашуми ин комиссия баргузор шуда буд. Баъдан, ҳамоиши тиҷоратии ду кишвар низ баргузор шуд, вале ҳамаи онҳо аз тариқи маҷозӣ сурат гирифтанд. Ҳатто хуруҷи бемории ҳамагир натавонист монеи рушди ҳамкориҳои сиёсию башарии кишварҳои мо шавад. Баҳори соли гузашта вазири маорифи Украина дар раъси як ҳайати бузург ба Душанбе омада буд. Баъдан музокиротҳои сиёсии байни ду кишвар баргузор шуда буданд. Ҳадаф доштем, ки 24-уми апрели соли ҷорӣ 30-юмин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатии миёни кишварҳои худро ҷашн бигирем. Шояд, то он замон ҷанг хотима меёбаду мо метавонем барномаи худро иҷро кунем. Пешбинӣ шуда буд, ки барои ширкат дар ин маросим вазир ё муовини вазири корҳои хориҷии Украина ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Радиои Озодӣ: Сафорати Русия дар ҳамсоягии сафорати шумо воқеъ аст.

Дар ин ҷо, дар Душанбе, оё бо дипломатҳои Русия рӯбарӯ мешавед ва дар як моҳи гузашта бо онҳо суҳбате кардаед?

Игор Кизима: Дипломатҳо бояд ҳамеша, дар ҳар шароит, бо ҳам муошират кунанд, то ки садои тир хомӯш бошад. Вале ин гап дар бораи дипломатҳо аст ва, мутаассифона, имрӯз садои тӯп хомӯш нест. Вазорати корҳои хориҷии Русия дигар сохтори дипломатӣ нест, фақат номаш мондааст. Ҳоло ин дастгоҳи таблиғоти дурӯғини Русия аст. Онҳо наметавонанд, ҳатто як сабаби ин ҷанги бародаркуш ва сабаби нақзи ҳуқуқи байналмилалиро маънидод кунанд, дар ҳоле, ки ин вазифаи дипломатҳо аст. Фикр мекунам, на танҳо ман, балки дигар дипломатҳои кишвари демократӣ ҳам дасти дипломати русро намефишурад.

“Ба дипломати рус даст намедиҳам”

Радиои Озодӣ: Оё ба натиҷаҳаи музокироти сулҳи миёни Русия ва Украина бовар доред ё не?​

Игор Кизима: Феълан, шубҳа дорам, ки музокироти сулҳ боиси оташбас гардад. Зеро, душман дар қаламрави кишвари мост ва бомбаборону мушакзании шаҳрҳои мо ҳамчунон идома дорад. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина таҷовузгаронро аз Киев, Чернигов, Херсон ва дигар шаҳрҳо дур ронданд. Вале, онҳо нерӯҳояшонро ба Донбасс интиқол дода, барои ҳуҷуми дубора омодагӣ мегиранд. Ду рӯз қабл дар Русия даъвати баҳории ҷавонон ба сафи артиш оғоз ёфт. Ҳамакнун навбати ҷавонони ҳабдаҳсола расид. Тасаввур кунед, агар онҳоро ба Украина фиристанд, онҳоро чӣ интизор аст. Модарони ин ҷавонҳо дар чӣ бора фикр мекунанд? То имрӯз дар Украина ҳаждаҳ ҳазор ҷасади сарбозони Русия ҳаст. Путинро ҳам дарк мекунам, ки ахиран гуфт, барои чунин ҷанге 30-50 ҳазор талафоти ҷонӣ маъмулӣ аст. Вале кушташудаҳо писарони ӯ нестанд. Инҳо писарони модароне мебошанд, ки бояд саробони модаронашон бошанд. Вале, ман намедонам, чаро онҳо хомӯшанд?

Шубҳае надорам, ки ин ҷанг бо чӣ меанҷомад. Ҳамон гуна, ки президенти мо низ дар ин бора шубҳае надорад. Мо ба кумакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ умедвор ҳастем. Музокироти оғозшуда набояд ба ҳеҷ ваҷҳ боиси маҳдуд кардани интиқоли силоҳи дифоӣ ба Украина гардад. Ҳамчунин, ин музокирот набояд монеи таҳримҳо гардад. Зеро, маҳз тавассути ин таҳримҳо Русия бояд дарк кунад, ки кори нодурусте мекунад. Ва ҳамон 70 дарсади аҳолии ҷонибдори пешвои ҷангҷӯи худ бояд фикр кунанд, ки дар оянда онҳоро чӣ интизор аст. Ба фикри ман, Тоҷикистон ҳам мефаҳмад, ки муҳоҷирони кориаш дар Русия ба мисли пештара наметавонанд маблағ ба даст оваранд. Ҳоло қурби рубли русӣ то ҳадде пойин рафта ва дар ояндаи наздик ба сифр баробар мешавад. Украина ба бозсозӣ ниёз дорад ва, фикр мекунам, ки базудӣ сохтмончиёни тоҷикистонӣ дар Украина ҳам даркор мешаванд. Созмонҳои байналмилалӣ ҳам ба Украина ваъдаи кӯмак кардаанд. Дар ин кор муҳоҷирони кории тоҷик низ метавонанд саҳм бигиранд. Феълан, узвияти Украина дар Иттиҳоди Аврупо баррасӣ мешавад. Раиси ҷумҳури Амрико ҳатто ахиран гуфт, ки Украина бояд дар ҷаласаҳои Гурӯҳи Бистгонаи пешрафтаи ҷаҳон ширкат дошта бошад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.