“ИҶА НАШИД!” Тасмим дорам, ба Тоҷикистони худам баргардам

Соли чорум аст дар ИМА ҳастам, ин ҷо нархи хонаи иҷора тағйир наёфтааст.

Нархи гӯшту нону обу равғану ширу тухму пиёзу картошкаву себу ноку ангуру… тағйир наёфтааст.

Ду сол шуд дар Толедои Оҳайо ҳастам, сабилмонда роҳи мумфарше, ки ба болояш мошинҳои калонтарину вазнинтарини дунё равуо доранд, вайрон намешавад.

Дар кӯча, дар роҳравҳо партов нест. Касе шохае аз дарахтонро намешиканад, гулҳоро намеканад. Бозичаҳои арчаи солинавиро касе намедуздад.
Камераҳои назоратӣ ҳам фақат дар чорроҳаҳо ҳаст. Чароғҳои раҳ вайрон намешаванд. Ронандаҳо ба ҳамдигар сигналу дашном намедиҳанд.

Нозири роҳ, гӯраш сӯзад, нест!

Муаллим дар донишгоҳ дарс медиҳад, галстук намебандад.

Бовар кунед, касе ҳарфашро ду намекунад. Касе аз донишҷӯ либоси ягона, миллӣ, мазҳабӣ, динӣ, нажодӣ, тобистона, зимистона, баҳорӣ, тирамоҳӣ, баодобона, беодобона талаб намекунад.

Тавсия ҳам намедиҳанд, ки чи бипӯшӣ, чи бихӯрӣ, чи бигӯйӣ, чӣ бихонӣ, чи бишнавӣ, аз чи ифтихор кунӣ, ба чи нафрат дошта бошӣ, чиро дӯст дорӣ, киро дӯст дорӣ…

Дар синфхона дар тобистон намесӯзӣ, арақ намекунӣ. Зимистонҳо ҳам синфхонаҳо гарму роҳатанд.

Баҳори порсол дар хона шишта будам, баъди як шамоли сахт барқ хомӯш шуд. Хаёл кардам, тамоми шаҳр бебарқ монд. То аз ҷо хестаму назди тиреза омадам, барқ омад.

Ман дар дуконе кор мекунам, ки дараш ҳамарӯза ба мизоҷон боз аст. Сафед ҳам медарояд, сиёҳ ҳам, зард ҳам, сурх ҳам, чашмтанг ҳам, чашмонсиёҳ ҳам, чашмкабуд… нар ҳам, мода ҳам, нармода ҳам…

Мусалмон ҳам харид мекунад, габр ҳам, ҳинду зартуштӣ ҳам харид мекунад, будоӣ ҳам, гавпараст ҳам, харпараст ҳам, касе ба касе кор надорад.
Сатр доранд, ҳиҷоб доранд, бурқа доранд, кепка доранд, сарлуч мегарданд, кунлуч мегарданд… надидам, ки яке дигариро дошта насиҳат карда бошад.
Надидам, касе ба нафаре эрод бигирад, ки мусалмон нестӣ, буддоӣ ҳастӣ, одамгарӣ надорӣ, хоин ҳастӣ, нос мекашӣ, банг мезанӣ, чарс мезанӣ, гӯҳ мехӯрӣ…

Балои азими куруно омад. Мардуми бисёр мариз шуданд, бисёр мурданд.

Қонун қабул карданд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе пӯзбанд надароед. Ҳама ҷо навиштанд, ки бе пӯзбанд надароед. Тамом. Ҳама пӯзашонро бастанд. Ронанда ба дари мошинаш, дукондор ба дари дуконаш, носфурӯш дар халтаи наҷосаташ навишт, ки ба касоне, ки бепӯзбанд медароянд, хизмат расонида намешавад.
Полис ҳаққ надорад ба қазия дахолат кунад, аз фурӯшанда ё мизоҷ чизе талаб кунад, ин ё онро ҷарима бандад, санҷиш кунад…
Сергапӣ кардамо! Умедворам бубахшед…

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.