ИМА 43 мақомдору масъулони Беларусро таҳрим кард

ИМА гуфт, ки 43 шахси “масъули ба ҳам задани равандҳои демократӣ” дар Беларус, аз ҷумла, чанд фарди баландмақомро таҳрим мекунад. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен рӯзи 18 феврал бо нашри изҳороте гуфт, ки Вашингтон аз “саркӯби хушунатбори эътирозгарони сулҳомез, фаъолони демократӣ ва журналистон” аз ҷониби мақомоти ҳукумати зери назари раҳбари худкома Александр Лукашенко нигарон боқӣ мемонад. Дар изҳорот омадааст, “рейдҳое, ки созмони ҳомии ҳуқуқи инсони “Весна”, Анҷумани журналистони Беларус ва коргарони иттиҳодияҳои синфиро ҳадаф қарор дод ва ҳам ҳукми 18-уми феврали журналистон Катерина Андреева ва Даря Чултсова таҳаввулоти фавқулодда мушкилзо мебошад”. Ин ду журналист рӯзи панҷшанбе бо ҳукми додгоҳ дар “ташкили маъракаҳои ҷамъиятие” гунаҳгор шуданд, ки, ба қавли мақомот, “боиси беназмиҳои ҷамъиятӣ” шуд. Андрееваи 27 ва Чултсоваи 23-сола дар охирин сухани худ дар додгоҳ ҳукмро ҳамчун дорои ангезаҳои сиёсӣ рад карданд ва гуфтанд, ки танҳо вазифаи касбии журналистии худро иҷро мекарданд. Таҳримҳои ҷорикардаи ИМА  43 фарди беларусиро аз ҳақи сафар ба Амрико маҳрум мекунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.