ИМА аз Русия хост, фишорҳо алайҳи Радиои Озодиро қатъ кунад

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен аз мақомоти Русия даъват кард, ки фишорҳо алайҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро қатъ кунанд. Дар ин бора намояндаи Департаменти давлатии ИМА Нед Прайс имрӯз дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Намояндаи департамент гуфт, Блинкен бо вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров вазъ атрофи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро баррасӣ кард. Вале Прайс ҷузъиёти ин гуфтугӯро ошкор накард. Департаменти давлатии ИМА ҳамчунин аз кишварҳои ҳампаймон дархост кардааст, ки ба ин даъвати он аз мақомоти рус бипайванданд.

Прайс афзуд, ки дар сурати идома ёфтани фишорҳо ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ИМА низ эҳтимол дорад, чораи ҷавобӣ андешад.

Мақомоти Русия нисбати Радиои Озодӣ ва мудири кулли он Андрей Шарого дар Русия садҳо санади қонунвайронкунии маъмурӣ тартиб додаанд. Ин санадҳо марбут ба қонуни Русия дар бораи “агентҳои хориҷӣ” ҳастанд. Додгоҳ Радиои Озодиро барои вайрон кардани ин қонун ҷарима бастааст.

“Роскомнадзор” то ба ҳол Радиои Озодиро ҷамъан барои 390 ҳолати вайрон кардани талаботи қонун “дар бораи агентҳои хориҷӣ” қариб 1 миллион доллар ҷарима кардааст.

Дар сурати иттиҳомоти нав, маҷмуи “қонуншиканиҳо”-и Радиои Озодӣ ба гуфтаи мақомоти Русия, ба 520 иттиҳом мерасад ва маблағи ҷаримаи пешбинишуда ба 2,3 миллион доллар хоҳад расид. Сарпечӣ аз иҷрои ин талабот ҷарима ва эҳтимоли бастани сомонаҳои “Садои Амрико”, Радиои Озодӣ ва тарҳҳои дигари Радиои Озодиро дар Русия ба дунбол дорад.

Дар панҷ соли гузашта шумораи корбарони Радиои Озодӣ дар Русия ду баробар афзоиш ёфтааст. Нуфузи РАО/РО дар ҳоли афзоиш аст: дар маҷмуъ дар ду моҳи соли 2021 ба сомонаи русии Радиои Озодӣ бештар аз 32 миллион бинанда сар задааст. Наворҳои видеоии “Current Time” — як тарҳи Радиои Озодӣ, байни октябри соли 2019 ва сентябри 2020 беш аз 1,5 миллиард бор дида шудаанд.

Ба талаби “Роскомнадзор”, тарҳҳои Радиои Озодӣ дар Русия бояд дар ибтидои ҳама гуна барномаҳои аудиоӣ порчаи 15-дақиқаии садоиро дар бораи агенти хориҷӣ будани радио нашр кунанд. Ҳамчунин бояд дар барномаҳои видеоӣ навиштаи агенти хориҷӣ ҷо дода шавад. Ҳамзамон бояд дар маҳсулоти матнӣ, ҳам дар сомона ва ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сарфи назар аз ҳаҷми матн, навиштаи агенти хориҷӣ нашр шавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.