ИМА ба Кремлин ҳушдор дод, ки марги Навалний дар зиндон беоқибат нахоҳад монд

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Марги эҳтимолии мунаққид ва сиёсатмадори мухолифи рус  Алексей Навалний, ки дар маҳбас ба пизишкони мустақил дастрасӣ надораду гуруснанишинӣ эълом кардааст, барои ҳукумати Русия беоқибат нахоҳад буд.

  • Ин нуктаро рӯзи якшанбеи 18-уми апрел мушовири амнияти миллии президенти ИМА Ҷейк Салливан изҳор дошт.
  • “Мо ба ҳукумати Русия расонидем, ки барои он чӣ бо ҷаноби Навалний дар маҳбас рух медиҳад, масъул аст ва ин маврид дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ посух дорад”, – гуфт Салливан дар эфири шабакаи телевизионии амрикоии CNN.
  • Вай афзуд, ки маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден дар ҳоли ҳозир имконоти мухталиф дар ин замина дорад, аммо дар ин марҳила аз ироаи ҷузъиёт дар мавриди таҳримоти эҳтимолӣ худдорӣ кард.
  • Ду рӯз пеш, 17-уми апрел, Ҷо Байден гуфта буд, ки ӯ вазъро бо Навалний “комилан ноодилона ва комилан номуносиб” мешуморад, аммо аз шарҳи бештар худдорӣ кард.
  • Дар навбати худ, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амният Ҷозеп Боррелл рӯзи 18-уми апрел таъкид кард, ки Иттиҳоди Аврупо аз вазъи саломатии Алексей Навалний, ​​ки дар зиндон аст, нигарон аст.
  • Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас аз Русия даъват кардааст, ки табибони мустақилро назди Навалний роҳ диҳанд. Ӯ ҳамчунин эълом дошт, ки вазъи Навалний дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо имрӯз, 19-уми апрел баррасӣ хоҳад шуд.
  • Ин ҳам дар ҳолест, ки  дирӯз ҷонибдорони сиёсатмадор рӯзи баргузории гирдиҳамоии миллӣ ба тарафдории ӯро – 21 апрел таъин карданд. Рӯзе, ки президенти Русия Владимир Путин ба Маҷлиси федерол паём ироа хоҳад кард.
  • Дар аввал, шарикони Навалний шарти барзугории ҳамоишро розигии 500 ҳазор тан барои ширкат дар эътирозҳо тариқи сомонаи вежа эълом карда буданд, аммо бадшавии вазъи сиҳатии Навалний онҳоро водор кард, ки зудтар тасмим бигиранд.
  • Маврид ба зикр аст, ки Алексей Навалний дар нимаи моҳи январ дар фурудгоҳи Шереметево  пас аз бозгашти ихтиёрӣ аз Олмон сурат гирифта буд. Ӯ онҷо дар пайи заҳролудшавӣ дар Русия бо истифода аз заҳри ҷангии навъи “Новичок” табобат гирифта буд.
  • Додгоҳе дар Маскав рӯзи 2-юми феврал ҳукми шартии ӯро дар “парвандаи Ив Роше” ба  ҳукми воқеиро иваз кард. Акнун ӯ бояд бояд 2 солу 6 моҳро дар ҳабс гузаронад.
  • Аз 15-уми март Алексей Навалний дар зиндон дар шаҳри Покров қарор дораду  аз 31-уми март  ба нишони эътироз ба радди қабули табибоне, ки ба онҳо эътимод дорад, гуруснанишинӣ эълон кардааст.
  • Маъмурони зиндон чанд бор эълон карданд, ки ба ғизодиҳии иҷбории ӯ даст хоҳанд зад. Аммо чун гуруснанишинии ӯ 18 рӯз боз идома дораду ташхисҳои ӯ нигаронкунанда мебошанд, ин кор метавонад ба вазъи сиҳатии ӯ халали ҷиддӣ ворид созад.
  • Дар ҳоле, ки беш аз 70 тан чеҳраҳои саршиноси олам бо шумули чор ҷоизадори Нобел аз ҳукумати Русия хостанд, ки ба пизишкон иҷозат диҳанд, ки ба табобати Навалний машғул шаванд, Кремлин ва мақомоти Русия вонамуд мекунанд, ки ҳич кори ҷиддие рух надодааст.

The post ИМА ба Кремлин ҳушдор дод, ки марги Навалний дар зиндон беоқибат нахоҳад монд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.