ИМА ба озод кардани зиндониҳои сиёсии Беларус даъват кард

Департаменти давлатии ИМА бори дигар ба озод кардани зиндониҳои сиёсӣ дар Беларус даъват намуд. Дар паи интихоботи президентии соли гузашта Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи ин кишвар дубора баранда эълон шуд, вале мухолифон ва шаҳрвандони зиёди Беларус ба нишони нобоварӣ ва эътироз аз ин натиҷаҳо ба хиёбонҳо баромаданд. Дар паи саркӯбҳои бераҳмонаи эътирозгарон садҳо нафар боздошт ва зиндонӣ шуданд. Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатии ИМА рӯзи 25-уми март дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт: “Мо дар канори мардуми Беларус ҳастем, ки барои озодӣ мубориза мебарад”.

25-уми март ба муносибати ташкили Ҷумҳурии мустақили Беларус дар соли 1918 мухолифон намоишҳои эътирозии “Рӯзи озодӣ”-ро барпо карданд. Светлана Тихановская, раҳбари мухолифон, ки худро барандаи воқеии интихобот номидааст, аз мардуми кишвар хост, ки дар раҳпаймоии “Рӯзи озодӣ” иштирок кунанд. Мақомот баъдан гуфтанд, ки дар ин рӯз тахминан 200 нафарро боздошт карданд. Ба иттилои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, дар Беларус 290 нафар зиндонии сиёсӣ пушти панҷара қарор доранд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.