ИМА ба Тоҷикистон таҷҳизоти тиббӣ тақдим кард

Маркази Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC) барои ҷилавигрӣ аз паҳншавии COVID-19 ба Тоҷикистон ба маблағи наздики 265 ҳазор доллари амрикоӣ таҷҳизот тақдим кардааст.

Дар хабарномаи сафорати Амрико дар Душанбе гуфта мешавад, ки таҷҳизоти тақдимшуда ба хотири кӯмак ба ташхисгоҳҳои Вазорати тандурустӣ пешбинӣ шудааст. Онҳо барои нигаҳдории намунаҳои ташхис кумак мекунанд.

Ба гуфтаи сафорати Амрико, аз оғози давраи пандемияи CDC ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 584,305 доллари ИМА кумак кардааст.

Таҷҳизоти тақдимкардаи ин Марказ дар озмоишгоҳҳои ҳифзи саломатии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Кубодиён ва Панҷакент истифода мешаванд.

Мақомоти тоҷик расман вуҷуди КОВИД-19 дар Тоҷикистонро аз оғози имсол рад мекунанд. Коршиносон ба ин шубҳа доранд.

Дар соли гузашта мақомот гуфтанд, ки танҳо беш аз 13 ҳазор мавриди сирояти сокинон ба КОВИД-19-ро сабт кардаанд. Беш аз 90 нафар аз ин беморӣ фавтидааст. Коршиносон ба ин омор шубҳа мекунанд ва ҳолати воқеиро ба маротиб бештар медонанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.