ИМА дар Аврупо мушакҳои миёна ва дурпарвоз ҷойгир мекунад

ИМА омодааст, дар сурати зарурӣ барои боз доштани Русия дар Аврупо мушакҳои мофавқи садоии кутоҳ ва дурпарвозро ҷойгир кунад. Дар ин бора мушовири президенти Амрико дар умури амнияти миллӣ Роберт О’Брайен иттилоъ дод. Тавре “Садои Амрико” гузориш медиҳад, О’Брайен афзуда, ки ИМА омодааст, барои боз доштани Чин дар минтақаи Уқёнуси Орому Ҳинд низ ин гуна иқдомро рӯи даст гирад. Пештар Пентагон хабар дод, ки ИМА мушакҳои мофавқи садоии болдорро коркард дорад, ки тавассути ҳавопаймоҳои нерӯҳои дарёии ин кишвар метавонанд партоб шаванд. Интизор меравад, мушакҳои мазкур то охири соли 2028 сохта шаванд. Чанде пеш президент Владимир Путин гуфт, Русия омодааст, аз ҷойгиркунии мушакҳои 9М729 дар қисми аврупоияш худдорӣ кунад. Ба гуфтаи Вашингтон, хусусияти мушаки мазкур талаботи созишномаи ИМА ва Русия дар бораи мушакҳои кутоҳу дурпарвозро нақз мекунад. Ду кишвар соли 1987 созиш карда буданд, ки муҷтамаъҳои мушаки кутоҳу миёнапарвози худро маҳв хоҳанд кард ва мушаки 9М729 сабаби асосии бурунрафти Амрико аз созишнома шуд..

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.