ИМА дар Чалдовари марзи Тоҷикистону Афғонистон гузаргоҳ бунёд мекунад

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Имрӯз, 15-уми декабри соли 2020 Сафорати ИМА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории Созмони Миллали Муттаҳид (UNODC) ба татбиқи Лоиҳаи нав оиди баркарорсозӣ ва азнавсозии гузаргоҳи сарҳадии Чалдовар дар ноҳияи Шаҳритус, дар хатти сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон оғоз бахшид.
  • Тавре Сафорати ИМА дар Душанбе хабар медиҳад, лоиҳа тавассути Дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва иҷрои қонуни Вазорати корҳои хориҷии ИМА маблағгузорӣ карда мешавад, ки барқорорсозии иншооти гузаргоҳи сарҳадиро дар Чалдовари Вилояти Хатлон дар назар дорад. Арзиши лоиҳа 995 ҳазор доллар буда, сохтмони он 12 моҳ идома меёбад.
  • Сафорати ИМА ин Лоиҳаи гузаргоҳи сарҳадии Чалдоварро бо Қушунҳои сарҳадии назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг кардааст.
  • Сафир Ҷон Марк Поммершейм ҳангоми эълони оғозшавии лоиҳаи Чалдовар изҳор намуд, ки “дастгирии доимии мо ба марзбонони Тоҷикистон амният, субот ва соҳибихтиёрии Тоҷикистонро тақвият мебахшад. Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақавӣ нақши муҳимро мебозад ва Иёлоти Муттаҳида дар мубориза бо таҳдидҳои терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ шарики устувори Тоҷикистон боқӣ мемонад.”
  • Пас аз ба итмом расидани Лоиҳа дар гузаргоҳи Чалдовар метавонад 40 марзбон, аз ҷумла ҷой барои таҷҳизоти техникӣ ва ҷой барои гузаронидани омӯзишҳои касбӣ дар як иншооти муосири муҷаҳҳаз, ки амнияти сарҳадӣ ва мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистонро тақвият диҳад, ҷойгир гардад.
  • Маврид ба зикр аст, ки аз соли 2002  Ҳукумати ИМА таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии даҳ посгоҳи марзбонӣ ва се иншооти омӯзиширо дар Тоҷикистон маблағгузорӣ кардааст. Ин самти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА ҳарчанд ба тақвияти амнияти миллӣ равона шудааст, на аз ҷониби ҳама хуш истиқбол мешавад. Русгароён ва ҷонибдорони барқароршавии ИҶСС аҳён-аҳён аз ин гуна иқдомҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ интиқод мекунанд.
  • Ёдовар мешавем, ки  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қатори дигар лоиҳаҳо танҳо дар робита бо пешгирӣ ва мубориза бо бемории КОВИД-19 то ба ҳол ба Тоҷикистон  беш аз $ 5 млн.  кӯмаки башардустона расонидааст.

The post ИМА дар Чалдовари марзи Тоҷикистону Афғонистон гузаргоҳ бунёд мекунад appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.