ИМА дар насби калонтарин нерӯгоҳи офтобӣ дар Тоҷикистон саҳм гирифт

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ  бо дастгирии Намояндагони Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID)  нерӯгоҳи нави офтобӣ ба кор оғоз кард. Ин нерӯгоҳи офтобӣ калонтарин дар Тоҷикистон буда,  дар баландтарини мавзеи дунё ҷойгиршуда низ мебошад. 

  • Нерӯгоҳи офтобии нав маҳсуди  ҳамкории бомуваффақият байни Ҳукумати Тоҷикистон, USAID ва ширкати «Помир Энерҷӣ» мебошад. Тарҳи мазкур  истгоҳи нигоҳдорандаи нерӯро бо тавоноии 180 киловатт-соат дар бар мегирад, ки самаранокии онро бамаротиб зиёд мегардонад.
  • Тавре Сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, “тибқи дархости Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, USAID насб намудани нерӯгоҳро дар Мурғоб дастгирӣ намуд, то ки иқтидори нерӯгоҳи барқии «Тоҷикистон»-ро (собиқ Оқсу) бо иқтидори 1,5 MBт, ки дар наздикии он ҷойгир шудааст, афзоиш бидиҳад ва энергияи барқии аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба шабакаи барқии маҳаллӣ таҳвил бидиҳад”.
  • Тарҳи мазкур мушкили бебарции беш  аз 6 ҳазор сокинони ноҳияро, ки аз манобеъи барқтаъминкунии «Помир Энерҷӣ» ва шабакаҳои миллии барқӣ, бо сабаби дар баландии 3600 метр қарор доштани мавзеъ, дар бунбаст қарор доштанд, ҳал кард.
  • Бо татбиқ намудани лоиҳаи таҷрибавии мазкур, USAID нишон медиҳад, ки ҳукуматҳои миллӣ, ташкилотҳои донории байналмилалӣ ва бахши хусусӣ метавонанд дар якҷоягӣ масъалаи рушди ҳатто дуртарин ва дар бумбаст қарордоштаи мавзеъҳои дунёро ҳал намоянд.
  • Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати ИМА тавассути сохтору ташаккулҳои гуногун, аз ҷумла USAID дар замони Истиқлол ба Тоҷикистон беш аз 1 млрд. доллари ИМА кӯмаки моливу техникӣ расонидааст.

The post ИМА дар насби калонтарин нерӯгоҳи офтобӣ дар Тоҷикистон саҳм гирифт appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.