ИМА дар САҲА: интихоботи Русия озоду одилона набуд

Ҳайати ИМА дар САҲА интихоботи ахири Думаи давлатии Русияро ҳамчун “ҷавобгӯ набуданаш ба меъёри интихоботи озоду одилона” интиқод карда иддаои Маскавро дар бораи дахолати берун  “бепояву асос” номид.  Эндрю Шепард, иҷрокунандаи вазифаи мушовири сиёсии ИМА интиқодҳои худро рӯзи 23-юми сентябр дар сатҳи Шӯрои доимии САҲА матраҳ кард. Шепард гуфт: “Амалҳои саркӯбгаронаи ҳукумати Руси пеш аз баргузории интихоботи Дума дар таърихи 17-19-уми сентябр ва баъди он аз шаффофияти интихооботӣ озод буд, орӣ аз  пӯшиши хабарии матбуоти озод гузашт ва ин ҳама эътимод ба интихоботро ба ҳам зад”.

Аввалин бор аз соли 1993 бо сабаби ҷорӣ кардани маҳдудият аз ҷониби ҳукмати Русия нозирони САҲА дар интихоботи ин кишвар иштирок накарданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.