ИМА гуфт, дар остонаи интихобот рахнагарони рус сохторҳои ҳукуматро ҳадаф қарор доданд

Ҳукумати ИМА гуфт, ки рахнагарони аз ҷониби ҳукумати Русия сармоягузоришуда даҳҳо шабакаҳои давлативу ҳукуматҳои маҳаллиро дар ИМА зарба зада аз дастикам ду сервер маълумот дуздиданд. Дар як машварате, ки рӯзи 22-юми октябр нашр шуд, Бюрои Федеролии Тафтишот (FBI)  ва Оҷонсии амнияти интернетиву зербунёдӣ (CISA) аз чанд намуд фаъолиятҳои рахнагарони мавриди ҳимояти Русия гузориш доданд, ки дастикам аз моҳи сентябр ба қайд гирифта шудааст. Ин оҷонсиҳо гуфтанд, то ҳол далели ин вуҷуд надорад, ки рахнагарон махсус кори низоми ҳавоӣ, маориф ва ҳукуматро хароб кардаанд. “Бо ин вуҷуд, – омадааст дар изҳорот, – бозигарон метавонанд дар талоши ин бошанд, ки аз роҳи идомаи харобкориҳо ба сиёсати ИМА ҳам таъсир расонанд”. Дар изҳорот мушаххасан   гуфта нашудааст, ки кӣ ваё чӣ касе осеб дидааст, танҳо омадааст, ки рахнагарон “маконҳои зиёдро дар ИМА ҳадаф қарор доданд”. Танҳо гуфта шудааст, ки рахнагарон бо лақабҳои Berserk Bear, Energetic Bear, Dragonfly тавонистанд 2 серверро “бомуваффақият” хароб кунанд ва маълумоти онро берун оранд. Изҳороти мазкур ду ҳафта пеш аз интихоботи президентии ИМА нашр шуд. Рӯзи 21-уми октяр мақомоти амрикоӣ иддао карданд, ки Эрон ва Русия ба маълумоти раъйдиҳандагони амрикоӣ дастрасӣ пайдо карданд, то ки ба овоздиҳӣ таъсир расонанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.