ИМА гуфт, рафтори Чин “хашинтар” мешавад

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, рафтори Чин дар хориҷа то рафт хашинтар ва дар дохил бештар саркӯбгарона мешавад. Блинкен рӯзи 2-юми май дар мусоҳибааш бо CBS News гуфт, ки Вашингтон хостори паст задани Чин нест, вале айни замон намегузорад, ки низоми байналмилалии бунёдшуда бар асоси қонунҳо ба ҳам зада шавад. Блинкен дар сӯҳбат бо барномаи “60 дақиқа” гуфт, “он чи ки мо дар давоми чанд соли охир дар Чин шоҳид шудем, ин аст, ки  дар дохил рафтори ин кишвар то рафт саркӯбгарона ва дар хориҷа хашинтар мешавад. Ин як воқеият аст”. Равобити миёни ИМА ва Чин  сари чандин масъала, аз ҷумла, тиҷорат, ҷосусӣ ва пандемияи коронавирус пуртаниш шуд. Блинкен ба саволи ин ки оё ҳадафи дарозмуддати Пекинро дар чӣ мебинад,  гуфт: “Ба назарам, бо гузашти вақт Пекин ба ин фикр аст, ки Чин имкон дорад ва ҳам бояд як кишвари бартаридошта дар ҷаҳон буда метавонад, бояд чунин бошад ва чунин хоҳад шуд”. Вале, ба гуфтаи Блинкен, ихтилофҳои низомӣ “алайҳи манфиатҳои ҳам Чин ва ҳам ИМА хоҳад буд”. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.