ИМА пардохти қарзҳои Русияро аз пулҳои ҳабсшуда манъ кард

Вазорати молияи ИМА рӯзи душанбе пардохти қарзҳои давлатии Русияро аз ҳисоби маблағҳое, ки дар доираи таҳримҳо дар кишварҳои ғарбӣ ҳабс шудаанд, манъ кард.

Ба иттилои хабаргузории Reuters, 4-уми апрел муҳлати пардохти қарзҳои Русия ба маблағи 636 миллион доллар фаро расидааст. Москва то ин маҳдудияти Вашингтон имкон дошт, ки қарзҳои худро аз ҳисоби маблағҳои ҳабсшуда пардозад. Русия акнун қарзҳои худро бояд аз ҳисоби захираҳое пардозад, ки ИМА ва кишварҳои аврупоӣ натавонистанд ҳабс кунанд.

Маҳдудияти нав зидди Русия дар доираи талошҳои афзоиши фишор ба Москва ҷорӣ карда шудааст.

Ба гуфтаи намояндагони Вазорати молияи ИМА, пардохти қарз аз ҳисоби захираҳо мақомоти Русияро водор мекунад, ки сармоягузориҳоро дар бахшҳои дигар, аз ҷумла артиш камтар кунанд.

Ба ҳисоби расонаи The Bell, дар бонкҳои аврупоӣ то $380 миллиард пули Бонки марказии Русия ҳабс шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.