ИМА раҳбарони Мянмарро таҳрим кард 

ИМА мақомоти Мянмарро бо таҳримҳои нави молӣ муҷозот карда ҳушдор доданд, ки масъулони кудатои 1-уми феврали ин кишварро муҷозоти бештар дар пеш аст.  Дар ин бора маъмурияти Ҷо Байден, президенти ИМА рӯзи 11 феврал хабар дод. Дар ҳамин ҳол дар пойтахти ин кишвар шаҳри Нейпйидо, маркази тиҷоратии кишвар шаҳри Янгон ва дигар шаҳрҳо рӯзи шашум аст, ки эътирозҳо бо талаби аз ҳабс озод кардани Аун Сан Суҷӣ ва дигар аъзои ҳизби ҳоким идома доранд.  

Бо вуҷуди ин ки мақомоти нави низомии Мянмар  таҷаммӯъҳои ҷамъиятиро манъ карда қуюди шабгардӣ ҷорӣ кардаанд, мардум аз берун шудан аз хона истиҳола намекунанд. Нирӯҳои интизомӣ даст ба саркӯби эътирозҳо зада, аз гази ашковар, фишори об ва тирҳои резинӣ истифода карданд.

Маъмурияти Байден рӯзи гузашта гуфт, ки иҷрокунандаи вазифаи президент ва дигар афсарони низомии Мянмарро, ки дар “барканории ҳукумати бо роҳи демократӣ интихобшудаи Мянмар даст доранд”, таҳрим мекунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.