ИМА ва ҳампаймононаш наздики 90 ҳазор касро аз Кобул кӯчонидаанд

Аз замони шуруи кӯч додан аз фурудгоҳи Кобул, ИМА ва ҳампаймононаш наздики 90 ҳазор одамро аз Афғонистон берун бурдаанд. Дар ин бора рӯзи 25-уми август намояндаи вазорати мудофиаи ИМА хабар дод.

Ба гуфтаи Уилям Тэйлор, танҳо дар як рӯзи охир ҳавопаймоҳои ИМА бештар аз 11 ҳазор кас ва ҳампаймонони амрикоиҳо қариб 8 ҳазор касро аз фурудгоҳи Кобул ба хориҷ бурдаанд. Дар рӯзҳои охир аз фурудгоҳи Кобул 90 парвоз анҷом шудааст. Тақрибан ҳар 40 дақиқа аз Кобул ҳавопаймое парвоз мекунад.

Тэйлор гуфт, ҳоло дар фурудгоҳи Кобул наздики 10 ҳазор кас мунтазири хориҷ шудан ҳастанд.

Миёни касоне, ки аз 15 август то кунун ба хориҷ бурда шудаанд, 4400 кас шаҳрвандони ИМА ҳастанд. Боқимонда шаҳрвандони кишварҳои дигар ва афғонистониҳое ҳастанд, ки бо созмонҳои хориҷӣ ҳамкорӣ доштанд.

ИМА ахиран гуфт, талош мекунад, ки то рӯзи 31 август берунории низомиҳо ва ҳамаи шаҳрвандонашро аз Афғонистон ба охир расонад. ИМА ва ҳампаймононаш талаб доранд, ки толибон иҷоза диҳанд, баъди 31 август ҳам хоҳишмандони тарки Афғонистон ин имконятро дошта бошанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.