ИМА вазири умури дохилии Эронро барои саркӯби эътирозҳо таҳрим кард

Ҳукумати ИМА вазири умури дохилӣ, мақомоти баландпояи полис ва як фармондеҳи низомиро барои поймолкунии ҳуқуқи башар, аз ҷумла куштори эътирозгарони сулҳомез таҳрим кард. Вазорати молияи ИМА рӯзи 20 май гуфт, ки вазири умури дохилӣ ва раиси Шӯрои амнияти миллӣ Абдулризо Раҳмони Фазлӣ давоми солҳои гузашта ва ноябри соли 2019, замони куштори садҳо эътирозгар нирӯҳои амниятиро раҳбарӣ кардааст. Дар миёни кушташудаҳо инчунин дастикам 23 ноболиғ ҳам зикр мешаванд. Ҳафт узви аршади Нирӯҳои интизомӣ ва як генерали Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ барои нақшашон дар саркӯби хушунатомези норозиён мавриди таҳрим қарор гирифтанд. Таҳримҳо ба шарҳрвандони ИМА ҳамкориву муомила бо ин афродро манъ ва дороиҳои онҳоро дар ҳудуди ИМА ҳабс мекунанд. Ширкатҳои байналмилалие, ки  бо ин афрод сарукор мегиранд, ҳамчунин мавриди таҳрими ИМА қарор медиҳанд. Соли 2018 баъди тарки созиши ҳастаӣ бо Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ кардани президент Доналд Трамп, ИМА болои ин кишвар як қатор таҳримҳои шадиди иқтисодӣ ҷорӣ кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.