ИМА воридоти мол аз минтақаи Шинҷони Чинро бо гумони истифода аз меҳнати иҷборӣ манъ кард  

Рӯзи 14-уми сентябр ИМА қарорҳое қабул кард, ки воридоти пахта, либос, қисмҳои эҳтиётии компютер ва маҳсулоти таҳияшуда аз мӯйро бо  гумони ин ки истеҳсоли онҳо бо истифодаи меҳнати иҷборӣ ба роҳ монда шудааст, масдуд мекунад. Котиби давлатии ИМА Майк Помпео эълон кард, ки қарорҳои нав ба Хадамоти гумрук ва ҳифозати марзи ИМА ҳақ медиҳад, ки молу маҳсулотеро, ки дар натиҷаи меҳнати иҷборӣ ё дар зиндонҳо  истеҳсол шудаанд, ба хоки Амрико роҳ надиҳад. Тасмими нав, ки дар пасманзари бад будани равобити миёни ИМА ва Чин гирифта мешавад, вокуниш “ба бархӯрди бади мақомоти Чин нисбати уйғурҳои мусалмон ва дигар аққалиятҳои сокини вилояти Шинҷон аст”. Помпео гуфт, иқдоми ахир баёнгари он аст, ки ҷаҳон  “ба поймолшавии ҳуқуқи уйғурҳо ва дигар мусалмонон аз ҷониби Чин бетараф буда наметавонад”.  Чин ба хотири ин ки аз соли 2017 ба ин сӯ тахминан 1 миллион уйғур ва дигар намояндагони ҷомеаи мусалмонони вилояти Шинҷонро дар урдугоҳҳои консентратсионӣ ҷой кардааст, мавриди интиқодҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Пекин мегӯяд, ки ин муассисаҳо марказҳои бозтарбия буда, бо ҷудоиталабиву терроризм мубориза мебарад.

 

  

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.