Имомхатиби ноҳияи Шоҳмансур ба иттиҳоми узвият дар ҳаракати “Салафия” боздошт шудааст

Мақомоти тоҷик тасдиқ карданд, ки имомхатиби масҷиди ноҳияи Шоҳмансури Душанбе боздошт шудааст. Тибқи иттилои расмӣ, ӯ аз ҷониби шӯъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат дастгир шудааст.

Хабаргузории расмии “Ховар” аз қавли дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ навишт, Абдулҳақ Обидов ба узвият дар ҳаракати мамнуи “Салафия” муттаҳам мешавад.

Назари Обидов ва пайвандони ӯ ҳанӯз дастрас нест. Вале рӯзи 21-уми апрел сомонаи “Бомдод” навишт, ки Абдулҳақ Обидов ба хотири суханрони баҳсбарангез дар маросими дафни Домулло Ҳикматулло дастгир шудааст.

Дар хабарномаи дафтари матбуоти КДАМ, дар ин бора ҳеч ишорае нашудааст. Дар хабар танҳо омадааст, ҳамроҳ бо имомхатиб боз 4 сокини дигари шаҳри Ваҳдат низ дастгир шудааст. Аз онҳо Шухиев Абузар, Маҳмадуллоев Абдулло, Турков Азиз ва Табаров Аҳмадхоҷа ном бурда шудааст.

Мақомот гуфтанд, нисбати ин нафарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Тафсилот ба зудӣ нашр мешавад

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.