ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ТОҶИКИСТОН. Дар мамлакат чор фурудгоҳи байналмилалӣ ва ду ширкати ҳавопаймоӣ ба мардум хизмат мерасонанд

ДУШАНБЕ, 03.09.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 сентябр аз таъсиси авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон 96 сол сипарӣ гардид. 30 августи соли 1994 бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябр  Рӯзи авиатсияи гражданӣ  қабул гардид, ки ҳамасола таҷлил мешавад.

Санаи таҷлили  Рӯзи авиатсияи гражданӣ  аз он сарчашма мегирад, ки 3 сентябри соли 1924 аввалин ҳавопаймои немисии Ю-13 таҳти идораи сарнишинони тоҷикистонӣ Рашидбек Ахриев ва Петр Комаров аз Бухоро ба Душанбе (Сталинобод) парвоз намуд. Ҳамон сол аввалин ҳайати Ҳукумати интихобшудаи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро аз Бухоро ба Душанбе (Сталинобод) тавассути ҳавопаймо оварданд ва парвози ин ҳавопаймо ва ҳайати ҳукуматӣ ба фаъолияти ниҳоди авиатсионии Тоҷикистон оғоз гузошт.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки дар ибтидо як майдони хокии давраи радиуси 800-метра ва як заминкани бо қамиш пӯшида дошт, то ба фурудгоҳи замонавии дорои хатти нишасту парвози муҷаҳҳаз, роҳравҳои зимомӣ, таваққуфгоҳҳои замонавӣ, низомҳои назорати парвозу нишаст, толорҳои барҳаво ва дигар инфрасохтори замонавӣ расид.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе имрӯз метавонад тамоми намудҳои ҳавопаймоҳои хурду бузургро қабул ва гусел намояд. Фуруд омадани калонтарин ҳавопаймои ҷаҳон Ан-225 «МРИЯ» моҳи октябри соли 2012 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шаҳодати ин гуфтаҳост. Дар зарфи 29 соли Истиқлолияти давлатӣ  маҳз бо саъю талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соҳаи  авиатсияи мамлакат тавсеа ёфта, ҳоло  дар Тоҷикистон чор фурудгоҳи байналмилалӣ-фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар, ду ширкати ҳавопаймоӣ –«Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» фаъолият доранд.

«Авиатсияи гражданӣ соҳаи калидиест, ки барои қонеъ гардонидани ниёзҳои шаҳрвандон ва рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат равона шудааст. Соҳаи авиатсия низоми мураккаб буда, диққати бештарро ба қоидаҳои танзими бехатарии парвозҳо ва хизматрасонии босифати мусофирон тақозо менамояд. Он метавонад дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ нақши калидӣ бозида, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат  шароити мусоид фароҳам орад»,- гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар рӯзи иди касбии кормандони авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

Мавсуф изҳор намуд, ки зарфи 96 сол авиатсияи гражданӣ аз ҳавопаймоҳои хурди якмуҳаррикдор то ба ҳавопаймоҳои калонҳаҷми мусофирбар ва борбар рушд намуд. Хусусан дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инфрасохтори фурудгоҳии мамлакат тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, алоқаи радиоӣ, дастгоҳҳои навигатсионӣ, низомҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия густариш ёфтанд.

Маҳз бо дастгирӣ ва ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори алоҳидаи мутамарказ, ки танзим ва назорати фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро ба роҳ мемонад, таъсис дода шуд. Ин  ниҳоди давлатӣ аз рӯзҳои аввали таъсис фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботу қоидаҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), Кодекси фазои ҳавоӣ, қоидаҳои умумии авиатсионии мамлакат  ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.

Пешвои миллат зикр  намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ба хотири рушди соҳаи ҳавопаймоӣ ҳамаи тадбирҳоро амалӣ карда, кӯшиш менамояд, ки  авиатсияи гражданӣ ба яке аз соҳаҳои бонуфуз ва муаррифи нуфузи давлат табдил дода шавад,- зикр кард Икром Субҳонзода.

-Мояи ифтихори кормандони ин ниҳод аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи авиатсияи граждании мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои тақвияти инфрасохтори ин соҳа тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ авиатсияи граждании Тоҷикистон рушд намуда, ҷуғрофиёи парвозҳо фарох гардид. Ба роҳ мондани парвозҳо ба зиёда аз 20 кишвари дуру наздик  ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахши ҳавонавардӣ бо беш аз 30 давлати ҷаҳон далели ин гуфтаҳост,-гуфт Икром Субҳонзода.

Маҳз бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои мусофирон терминали муосир сохта шуда, соли 2014 дар Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ботантана ифтитоҳ гардида, мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳамчунин моҳи июни соли 2018 дар арафаи таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сохтмони терминали нави муосири боркашонӣ ба анҷом расида, бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ботантана ба кори худ оғоз кард. Дар баробари ин, 26 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ толори қабули меҳмонони расмии Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки ин ҳама аз дастгириҳои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рушди авиатсия шаҳодат медиҳад.  Инчунин 27 июни соли 2019 дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Манораи нави назоратӣ – танзимнамоии Корхонаи воҳиди давлатии  «Тоҷикаэронавигатсия», ки баландиаш 41,23 метр аст, бо иштироки Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Иншооти муҳташами аэронавигатсионӣ, ки дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия сохта шудааст, дар таъмини  бехатарии парвозҳо аҳамияти бузург дошта, яке аз муҳимтарин иншоот барои идораи  парвозу нишасти  киштиҳои ҳавоӣ маҳсуб меёбад ва мутобиқ ба меъёру талаботи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ сохта шудааст.

Тамоми таҷҳизоти кории манораи назоратӣ-танзимнамоӣ  аз ширкатҳои бонуфузи  истеҳсолии Аврупо буда, ҳайати назоратчиёну танзимгарони  парвозу нишастҳои ҳавопаймову чархболҳо  аз мусоиртарин технологияи  аэронавигатсионӣ истифода менамоянд. Бо ба истифода додани манораи танзиму назоратӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби мутахассисони КВД «Тоҷикаэронавигатсия» банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии  истифодаи фазои ҳавоӣ, хизматрасонии маълумоти парвозӣ, машваратӣ, танзимгарӣ, огоҳсозии садамавӣ ва назорати  риояи қоидаҳои истифодабарии  фазои ҳавоии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир  ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии  аэронавигатсионӣ анҷом дода мешавад.

Бо дахли нақшаҳои минбаъдаи Агентии авиатсия граждании назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ Икром Субҳонзода афзуд, ки барои таъмини амнияти парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ, баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасонӣ, муътадил нигоҳ доштани арзиши чиптаи ҳавопаймоӣ, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷониби ширкатҳо баҳри хидматрасонии босифат ворид намудани ҳавопаймоҳои миёнаҳаҷми муосир аз вазифаҳое мебошанд, ки дар меҳвари  фаъолияти роҳбарият ва мутахассисони Агентии авиатсияи гражданӣ ва дигар мақомоти авиатсионии мамлакат қарор доранд. «Итминони комил дорем, ки тамоми  нақшаҳо марҳила ба марҳила амалӣ гардида, дар руши соҳаи ҳавопаймоии мамлакат қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Татбиқи нақшаҳо ва дурнамои рушди соҳаи авиатсияи мамлакат, албатта, аз меҳнати софдилона ва саъю талоши роҳбарият ва ҳар корманди ин ниҳод вобаста аст, ки мо ба ояндаи он хушбинем»,-таъкид кард директори Агентии авиатсияи гражании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки дастгириҳои мунтазами Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди авиатсияи граждании мамлакат натиҷаҳои назаррас ба бор оварда, густариши соҳаи авиатсияи граждании давлатамон аз ҷониби ташкилоти байналмилалии соҳавӣ қаноатбахш ва рӯ ба рушд арзёбӣ карда шудааст, ки ин сабаби  ифтихору сарбаландии тамоми мардуми тоҷик мебошад.

Бояд эътироф кард, ки авиатсияи гражданӣ яке аз бахшҳои муҳимтарини иқтисоди  ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад,- мегӯяд Икром Субҳонзода. Бесабаб нест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши авиатсияи миллиро пайваста таъкид намуда, ҷиҳати рушду такмили ҳамаҷонибаи он назди кормандони соҳа вазифагузорӣ менамоянд. Таваҷҷуҳ ба соҳаи авиатсия ба рушди тамоми иқтисодиёти мамлакат, махсусан ба соҳаи туризм таъсири калон мерасонад. Дар ин росто, Пешвои миллат зикр намуда буданд, ки «…рушди авиатсияи гражданӣ, муҳайё намудани шароити муосири инфрасохторӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ яке аз омилҳои асоситарини рушди туризм мебошад, ки дар навбати худ шарти муҳими рушди иқтисодиёти давлат, афзоиши даромади ширкатҳо ва фароҳам гардидани ҷойҳои нави корӣ мебошад»,- гуфт дар анҷом директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Марзияи САИД,
АМИТ «Ховар»

P.S. Бо истифода аз фурсат АМИТ «Ховар» кормандони соҳаи авиатсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистонро бо иди касбиашон табрик намуда, ба онҳо  саломатӣ ва комёбиҳо таманно менамояд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.