Имрон Хон нагузошт шоире дар Душанбе шеъри танқидияшро барои ӯ бихонад

Имрон Хон, сарвазири Покистон, пас аз садо додани мисраъҳои аввали шеъри танқидие нисбаташ сухани шоирро бурид ва нагузошт ӯ матлабашро баён кунад. Ин моҷаро рӯзи 17 сентябр дар ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Покистон дар шаҳри Душанбе ба амал омад. Пас аз рӯнамоии барномаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва тарҳҳои тиҷоратию сармоягузории байни ду кишвар навбат ба суолу ҷавоб расид ва як шоири покистонӣ хост, шеърашро, ки аз танқиди сиёсатҳои Имрон Хон иборат буд, хонад. “Ман барои Шумо як шеър навиштам, бо номи ‘Itne zaalim na bano’ (Ин қадар золим набошед). Имрон бародар, ин барои Шумост,” — гуфт марди покистонӣ ба забони урду ҳангоме ки садогир ё микрофон ба дасташ дода шуд.” Вай идоа дод: “Ҳоло шумо маҳбус шудаед. Аммо бузург будед вақте ки дар рӯйи контейнер нидои эътироз дармедодед. Ҳоло мо намедонем, Шумо гирифтори чистед?” Пас аз мисраъи баъдӣ: “Зулм накун, мурувват дошта бош,” Имрон Хон сухани мардро бурид ва гуфт: “Лутфан дар бораи масоили марбут ба тиҷорат сӯҳбат кунед.” Ин ҷо садогир аз дасти мард гирифта шуд. “Мо метавонем баъдтар барои шеър низ вақт ҷудо кунем”, – афзуд сарвазири Покистон. Як соҳибкори тоҷик, ки дар ин ҳамоиш ширкат дошт, гуфт, бисёре аз мизбонон дар оғоз нафаҳмиданд, ки масъала чӣ буд. Сарвазири Покистон барои ширкат дар нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шонгҳой ба Душанбе омада буд ва ҳамчунин дар ин ҷо сафари расмӣ анҷом медод. Дар дидори ҳайатҳои Тоҷикистон ва Покистон чандин санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расид,

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.