Ин корхонаи азими Тоҷикистон аз сурбгудозӣ монд. Чаро?

Пандемияи СОVID-19 бо ҷамъи чанде аз мушкилоти дигар сабаби аз кор мондани бузургтарин корхонаи саноатӣ дар шимоли Тоҷикистон шудааст. Корхонаи металлургии “Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин”, ки тавоноии истеҳсоли то 50 ҳазор тонна сурб дар як солро дорад, соли 2020 аз фаъолият мондааст.

Корхона дар шаҳри Истиқлол дар вилояти Суғд ҷойгир аст. Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Истиқлол рӯзи 8-уми феврал зимни як нишасти хабарӣ сабабҳои аз кор мондани корхонаро чунин шарҳ дод: “Мушкилие, ки пеш омад, ба гуфтаи раҳбари корхона, якум дар соли 2020 паҳн шудани бемории СOVID-19, дуввум ҳал кардани масъалаи истихроҷи маъдан ва сеюм паст шудани нархи онҳо дар бозори ҷаҳонӣ. Маълум аст, ки ҳеч соҳибкор ба зиёни худ кор намекунад.”

Корхонаро тақрибан ду сол пеш ва охири соли 2017 дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба истифода доданд ва он замон 600 коргар аз ноҳия ба кор ҷалб шуданд. Ҳоло андаке бештар аз 200 коргари маҳаллӣ ва 50 чинӣ фосилавӣ кор мекунанд ва назар ба гузашта камтар музд мегиранд.

Мушкилот на танҳо кори корхонаро боздоштааст, балки иҷрои дигар тарҳҳои вобаста ба онро зоҳиран ба таъхир меандозад. Қарор буд, дар назди корхона чаҳор коргоҳи саноатии дигар ва кӯдакистону роҳ бисозанд, вале ба гуфтаи шаҳрдорӣ, тарафи чинӣ ин уҳдадориҳоро иҷро накардаанд.

Даврон Зоҳидзода гуфт, ки гуфтугуҳо барои иҷрои ин тарҳҳо идома доранд: “Ҳоло мушкил танҳо дар менеҷменти ширкат аст ва вазири саноати Тоҷикистон ҳам ба наздикӣ омада, масъалагузорӣ карданд, ки бояд моҳи апрели имсол ба кор оғоз кунад. Агар чиниҳо ба ваъдаашон вафо кунанд, дар сурати фаъол шудани қисматҳои дигари корхона бо то охири сол то 1000 нафар бо кор таъмин шаванд”.

Аз кор мондани калонтарин корхонаи истихроҷи сурб дар шимоли Тоҷикистон соли гузашта ягона мушкили коргарони чинӣ набуд. Моҳи май гуруҳе аз коргарони чинӣ дар “Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Чин” ба сабаби моҳҳо нагирифтани музди кор, эътирози вайронкорӣ карданд. Дар он ширкат беш аз 1000 муҳоҷири кории Чин кор мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.