Инфантино: Ҷоми ҷаҳон-2022 дар Қатар бо ҳузури тамошогарон доир мегардад

Президенти Федератсияи байналмилалии футбол Ҷанни Инфантино эълом дошт, ки бозиҳои Ҷоми ҷаҳон-2022 дар Қатар бо ҳузури тамошобинони сершуморе, ки ҷойгоҳҳоро пур мекунанд, баргузор мешаванд. 

Инфантино дар ин бора дар як конфронси муштараки FIFA ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар доираи мубориза бо коронавирус хабар дод.

“Варзишгоҳҳо пур мешаванд. COVID-19 то он замон мағлуб хоҳад шуд ва мо ҳама ба зиндагии муқаррарӣ бармегардем”, – иброз дошт раҳбари FIFA дар ин конфронс.

Ёдовар мешавем, Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар аз 21-уми ноябр то 18-уми декабри соли 2022 баргузор мешавад. Дар он 32 дастаи мунтахаби миллӣ ширкат хоҳад кард.

Бозии ифтитоҳии мусобиқа, ки дар он дастаи мунтахаби миллии Қатар бозӣ мекунад, 21-уми ноябр дар варзишгоҳи “Ал-Байт” доир мегардад. Дар ин дидор мизбони мусобиқа – тими миллии Қатар – иштирок хоҳад кард.

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ то 2-юми декабр идома меёбанд, 1/8 финал аз 3-юм то 6-уми декабр, 1/4 финал – 9-10-уми декабр, 1/2 финал – 13-14-уми декабр баргузор мешаванд.

Бозӣ барои ҷои севум 17-уми декабр дар Варзишгоҳи байналмилалии “Халифа”-и Доҳа сурат мегирад. Бозии ниҳоӣ бошад, 18-уми декабр дар варзишгоҳи «Лусайл»-и шаҳри Лусайл барпо хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки Қатар моҳи декабри соли 2010 барои мизбонии бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 баранда шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.