Интерпол ҷустуҷӯи президенти бедаракшудаи “Сапат”-и Қирғизистонро оғоз кард

Президенти бедаракшудаи мактаби байналмилалии “Сапат”-и Қирғизистон Орхан Инон таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор дода шуд. Дар ин бора муовини вазири умури дохилии Қирғизистон Нурбек Абдиев хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Инон то ҳол танҳо дар Қирғизистон ҷустуҷӯ мешуд ва акнун ӯро пулиси байналмилалӣ ё худ Интерпол меҷӯяд.

Абдиев ҳамчунин афзуд, рӯйхати онҳое низ тафтиш мешавад, ки ахиран Қирғизистонро тарк кардаанд.

Бедаракшавии президенти мактаби байналмилалии “Сапат” вокунишҳои тундеро дар ҷомеаи Қирғизистон ба бор овардааст. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳатто дастур дод, ки ҷустуҷӯи мудири мактаби мазкур пурзӯр карда шавад.

Ҷонибдорони Орхан Инон иддао доранд, ки дар бедаракшавии Инон хадамоти махсуси Туркия даст дорад.

Президенти мактаби байналмилалии “Сапат” шаби 1 июн дар Қирғизистон нопадид шуд. Мошини ӯро дар роҳ пайдо карданд. Писари Инон гуфт, он шаб падараш занг зада гуфтааст, дар роҳ ба сӯи хонаашон мебошад.

Орхан Инон зодаи Туркия ва яке аз бунёдгузорони шабакаи мактабҳои “Сапат”-у донишгоҳи “Отатурк Ала-Тоо” мебошад. Ӯ шаҳрвандии Қирғизистонро дорад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.