Интихобот дар Русия пас аз тобистони пур аз эътироз

Шаҳрвандони Русия рӯзи 8-уми сентябр пас аз мавҷи эътирозҳои густардаи моҳҳои ахир барои иштирок дар интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ ба пойи сандуқҳои райъдиҳӣ рафтанд. Интихобот дар ҳоле баргузор мешавад, ки оморҳо баёнгари кам шудани маҳбубияти раҳбарони феълии Кремл, аз ҷумла президент Владимир Путин аст. Нигоҳҳо бахусус ба интихоботи Маҷлиси шаҳри Маскав дӯхта шудааст. Ҷое, ки ба қавли мухолифон номзадҳои мустақил ва намояндагони оппозитсиюн роҳ дода нашуданд. Тобистони имсол даҳҳо ҳазор тан ба хиёбонҳои пойтахти Русия баромада, зидди сиёсатҳои давлат ва фасод эътироз карданд. Ин эътирозҳо аз назари шумори роҳпаймоён тайи дастикам ҳашт соли гузашта бесобиқа будааст. Дар ин эътирозҳо пулис ба камияш 2000 ҳазор нафарро боздошт кард. Чанде аз онҳоро ҷарима ва бархеро ҳабс намуданд. Интихоботи рӯзи якшанбе дар 83 минтақаи Русия баргузор мешавад. Волӣ ё губернаторон низ дар ҳамин интихобот баргузида мешаванд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.