Интихоботи Қирғизистон: Содир Ҷабборов пешсаф аст
Раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Қирғизистон шоми 10-уми январ ба поён расид. Бино ба ҳисобҳо, Содир Ҷабборови 52-сола, ки ҳамагӣ се моҳ пеш аз сӯйи эътирозгарон аз зиндон озод гардид, бо беш аз 79 дарсади раъй дар сафи пеш аст.
Манбаъ: ozodi.org