Интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон ба таъхир афтод

Вакилони порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 22 октябр тағйирот ба қонуни конститутсионӣ “Дар бораи интихоботи президенти Қирғизистон ва вакилони порлумони Қирғизистон”-ро бидуни баҳс қабул карданд.

Дар ин тарҳи қонун пешниҳод шудааст, амали моддаҳои 38 ва 63, ки ба муҳлати баргузории интихоботи президентиву порлумонӣ рабт доранд, то анҷоми ислоҳоти конститутсионӣ боз дошта шавад.

Ҳамзамон муҳлати ислоҳоти конститутсионӣ низ муайян шудааст – ин ислоҳот набояд дертар аз 10 январи соли 2021 баргузор шавад. Баъди ислоҳоти конститутсионӣ, аммо на дертар аз 1 июни соли 2021 бояд интихоботи такрории порлумонӣ ва ё интихоботи нави порлумонӣ баргузор хоҳад шуд, омадааст дар тарҳи қонун.

Оқилбек Ҷабборов, яке аз муаллифони тағйирот гуфт, баргузории интихоботи порлумонӣ, президентӣ ва раъйпурсӣ барои тағйири Конститутсия “ба далели мушкили молӣ” ғайриимкон аст. Аз ҳамин хотир, пешниҳод мешавад, ки интихоботҳо баъди ислоҳоти конститутсионӣ баргузор шаванд. Порлумони феълӣ то ислоҳот фаъолият мекунад.

Аз ин тарҳи қонун 83 вакил аз ҷамъи 120 вакил ҳимоят кард.

Дар Бишкек сокинон рӯзи 5 октябр дар робита ба натиҷаи интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябр гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Ширкатдорон бекорсозии натиҷаҳои интихобот ва баргузории раъйдиҳии такрориро талаб доштанд. Шоми 5 ба 6 октябр гирдиҳамомадагон Кохи Сафед ва чанд бинои мақомоти қудратиро ғасб ва бархе аз маҳбусон, аз ҷумла Содир Ҷабборовро аз зиндон озод карданд.

Комисияи интихоботӣ рӯзи 6 октябр натиҷаи интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябрро бекор кард.

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон рӯзи 15 октябр истеъфо дод. Раиси порлумон он кишвар Канатбек Исоев аз иҷрои вазифаҳои президент даст кашид ва ба ин тартиб, сарвазир Содир Ҷабборов ҳамзамон салоҳиятҳои президентро соҳиб шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.