Интизор меравад, ки Байден қатли арманиҳоро наслкушӣ номад

Интизор меравад, ки Ҷо Байден, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қатли арманиҳо дар Ҷанги Ҷаҳонии Якумро наслкушӣ эътироф кунад.

Ӯ дар замони таблиғоти интихоботиаш гуфта буд, ки қатли арманиҳоро наслкушӣ эътироф хоҳад кард.

Ёдбуди қатли арманиҳо рӯзи 24-уми апрел баргузор мешавад ва имрӯз Ҷо Байден дар ин маврид бояд суханронӣ кунад.

Арманиҳо даҳсолаҳо боз талош доранд, ки қатли гузаштагони онҳо дар Ҷанги Якуми Ҷаҳон наслкӯшӣ эътироф шавад. Онҳо бар ин назаранд, ки дар ин ҷанг беш аз якуним миллион арманӣ аз ҷониби турконӣ усмонӣ кушта шудаанд. Ҳукумати Туркия ин иддаоро рад мекунад.

Рӯзи 23-уми апрел Ҷо Байден бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия гуфтугӯ кардааст. Манобеи хабаргузории Ройтерз гуфтаанд, ки Байден ба Эрдуғон аз ин тасмимаш низ суҳбат кардааст.

Ба навиштаи аксари таърихнигорон, Туркияи Усмонӣ дар Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ беш аз 1,5 миллион арманиҳоро ё куштанд ва ё бадарға карданд. Арманиҳои масеҳӣ дар Туркия Усмонӣ ақаллият ҳисоб меёфтанд.

Бархе аз кишварҳои дунё, мисли Фаронса ва Олмон ин ҳодисаро наслкушӣ эътироф кардаанд. Ҳукумати Туркия мегӯяд, арманиҳо дар пайи муноқишаҳои дохилӣ кушта шудаанд ва Туркияи Усмонӣ ҳеҷ вақт нақшаи нобуд кардани онҳоро ҳамчун миллати хос надошт.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.