Исфандиёри Назар: Инсон – ба вижа Тоҷик, – аз лаҳзаи ба дунё омаданаш бо сиёсат сару кор дорад!

Мусоҳибаи Азиз Сангин  бо шоъир, рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Исфандиёри Назар. Ду фарҳехтаи тоҷик, ки дур аз Ватан, дар Аврупо кору зиндагӣ мекунанд, аз чӣ гуфтанд инҷо бихонед: 

Азиз Сангин: Мехоҳед сӯҳбатамонро аз сиёсат шурӯъ кунем ё аз шеър? Чун ин ду ончунон дар офаридаҳои Исфандиёри Назар ба ҳам часпидаю печидаанд, ки мисли гӯшту нохун. Ҳатто дар он ашъоре, ки мепиндорӣ ишқиянд, ҳузури беамони сиёсат эҳсос мешавад, ҳарҷо-ҳарҷо, мисли харсангҳои миёнаи дарё, эҳсосу андешаи Шумо ба онҳо бармехураду сар мекӯбад ва тундтару пуршӯртар мешавад. Мегӯед:

Зиндонии нигоҳи ту зиндониён накушт,
Ман ошиқам, кӣ гӯядам ошиқ гуноҳ кард?

Исфандиёри Назар: Намехоҳам дар бораи “Сиёсат чист?” тавзеҳ диҳам. Аммо ин қадар мегӯям, ки: Инсон – ба вижа Тоҷик, – аз лаҳзаи ба дунё омаданаш бо сиёсат сару кор дорад! Бале, аз лаҳзае, ки кӯдакро дар гаҳвора мебанданд, ӯ сиёсатро дар ҷисму ҷонаш ҳис мекунад, ба ӯ бархурди сиёсӣ мешавад ва дар қолаби сиёсат аз гаҳвора пой берун мениҳад! Ин, ки мегӯянд “Ба сиёсат кор нагир”, “Аз сиёсат дур бош!”, “Сиёсат кори палид аст!”, “Сиёсат фоҳиш аст!”… – инҳо ҳама гурез аз масъулияти инсонӣ дар ҷомеъа ҳастанд! Ин “насиҳатҳо” ба хотири аз дарди сар дур доштани арбоби ҳукумат ва сарони аввали сиёсатанд. Чи гуна инсон метавонад ба сиёсат кор нагирад, иртибот надошта бошад, ки сиёсат бо ҳар нафас, бо ҳар қадам, аз гаҳвора то дари гур ба ӯ кор дорад? Сиёсат фанни шариф аст ва бояд шарофатмандона аз он кор гирифт. Вақте сиёсат ба дасти афроди палид, фоҳиш, нодону ҷоҳил маҳор мешавад, мешавад сиёсати фоҳиш, сиёсати палид, сиёсати ҷоҳилона.
Ҳамин дарк, ҳамин фарёд, ҳамин муҳит дар хуни инсон гардиш мекунад ва ба наҳве бояд худро намудор созад.
Ва аммо шеър. Шеър, – барои ман, – на бахше аз баёнкунандаи сиёсату авзоъи сиёсӣ, ки саропо сиёсат аст! Вақте тамоми зиндагӣ дар ҳолае аз сиёсат печида шудаасту берун аз он аслан вуҷуд надорад, табиъист, шеър – ҷанбаи сиёсӣ пайдо мекунад ва ё оинаи тамомнамои сиёсат мегардад.
Ашъори бозмондаи абарустод Рӯдакӣ ва ҳамасрони он бузургвор – кистии сиёсатмадорони он рӯзгор, авзоъи сиёсиву иҷтимоъиву фарҳангии он рӯзгорро бар мо бозгӯӣ мекунад.

“Шоҳнома”-и Ҳакими бузургвор Фирдавсӣ – як Сиёсатномаи манзум аст, ки дар он ҳар вожа дам аз сиёсат мезанад.

Ман аз асарҳои мустақиман ба сиёсат бахшидашуда, аз Андарзномаҳое, ки барои шоҳон аз қадим нигоштаанд, намегӯям.
Инҷост, ки вақте аз Зан мегӯям, Зан дар шеъри ман намоишгари сиёсати ҳоким бар вуҷуди ман, бар вуҷуди ҷомеа, бар вуҷуди тамоми офариниш мегардад. Инҷост, ки вақте Ишқ мегӯям – Ишқ сиёсат мешавад, ба сиёсат гиреҳ мехӯрад, чун ишқ сиёсати ҳоким бар дил аст, бар андешаи инсон аст.
Барои ман сиёсату шеъру ишқу зану зиндагиву фарзанду амсоли инҳо – муродифи ҳаманд. Ҳеч кадом наметавонад бе яке дигар бошад.

Азиз Сангин: Шеъри шумо, ончуноне ба назари ман мерасад, баъди он ки аз Ватан берун рафтед, ба соҳате уруҷ кард, ки аз шеъри дигар ҳамнаслонатон ба таври қобили мулоҳизае мутамойиз шуд, фосила гирифт, ба он соҳату вусъате, ки он ҷо ҷавлонгоҳи шеъри асил ва мондагор аст…
Ҷуз ин ки дар синну сол бузургтар шудеду таҷрубаандӯхта, чӣ метавонист дар ин амр корсозу таъсиргузор бошад?

Шоъир дар ҳиҷрат

Исфандиёри Назар: Ин амри табиъист, ки берун рафтанам аз Ватан, дар шеърам таъсири худро расониду мерасонад. Аммо фикр намекунам, ки тавониста бошам, шеърро ба ҷойгоҳи беҳтаре суъуд дода бошам. Чун ба назари худам шеърҳои беҳтару дилнишинтарро дар ватан сурудаам, мушкилоти азимтари ҷомеаро ба гунаи ошкору расотар дар Ватан сурудаву ба чоп расонидаам. Аммо инҷо ҳам корҳоеро анҷом додам, ки агарчи ба онҳо мубоҳот намекунам, вале аз нигоҳи муҳтаво, аз нигоҳи баён, вусъати бештар, фазои бозтар доштаанд.

Азиз Сангин: Дар ин робита мехоҳам ба суроғи вазъи имрӯзи шеъри Тоҷикистон ва дар умум вазъи адаб ва адабиёт биравем…

Исфандиёри Назар: Хушбахтона, шеъри муосири мо беш аз ҳар ҷанбаи дигар умедворкунандатар аст! Бигзарем аз ашъори хушк, аз шеърҳое, ки сохта мешаванд… шеъри хеле аз ҷавонони тоҷик муваффақ, дар ҳоли пешрафту боландагӣ ва роҳкушоӣ ба адабиёти умумии порсизабонон аст.
Масалан ашъори Толиби Луқмон, Бобаки Суғдӣ, нақду баррасиҳои Мӯҳриддин Сабурӣ ва чандин ҷавони хуштабъи дигарро метавонам ном бибарам.
Агар ба насли каме аз худам калонсолтар нигарам, чи касе дар пояи Суруш аст? Намехоҳам зиёдаравӣ ё иғроқ карда бошам, аммо Суруш ба танҳоии худ дар шеъри муосири мо як адабиёт аст!

Суруш – шояд аз шумори камтарин касоне бошад, ки метавон ӯро Нимои тоҷик номид.

Корҳоеро, ки аз нигоҳи ҳунарӣ, бо пайгирии сохтори шеърие, ки Нимо пешниҳод карда, Суруш дар даруни шеър анҷом дода, ҳанӯз дар адабиётшиносӣ ва хонаи нақд гуфта нашудаанд ва ҷои ранҷиш набошад агар бигӯям, ки надорем касеро, ки корҳои ҳунарии Сурушро нақду баррасӣ намояд. Ончи дар бораи шеъри ин шоири дараҷаи аввал ва гаронсанг то ин дам нигошта шуда, ё сатҳиянд ё аслан дур рафтан аз масоили аслии шеъри ӯ. Аммо агар ҷавононро, шеъри ҷавононро аз ин мақула канор бигзорему вазъи умумии адабиёти тоҷикро дар ин ду даҳаи охир баҳо диҳем… сӯгмандона адабиёт – адабиёти маддоҳӣ шуда, адабиёти расидан ба ғаразҳо, мансабҳо, адабиёти таблиғи масоиле, ки арзише дар адабиёти асил надоранд.
Адабиёти мо масоили ҳалношудаи зиёде дорад. Ниёз ба сарчашмаҳои тоза, ниёз ба ҳавои тозаро дорад, ниёз ба ҳавои комилан бозро дорад. Ошноӣ бо шеъри пешрафтаи ҷаҳон яке аз ниёзҳои шеъри имрӯи тоҷик ва умуман адабиёти имрӯзи тоҷик аст. Ин бахш ба ҳусул намепайвандад, магар ин, ки бахши тарҷимаи адабиёти ҷаҳон даст ба кор набошад. Охир як асарро аз осоре, ки ҷоизаи Нубелро бурданду ба забони мо ва бо ҳамин сирилик нашр шуда бошад,-ро ном бибаред?Хуб аст, ки нависандаҳои қавии мо, мисли устодон Баҳманёр, Қодири Рустам ва… хонандагони доимии адабиёти ҷаҳонанд. Албатта шоиронамон низ ба василаи забони русӣ ё ҳар забоне, ки медонанд, то ҷое ба шеъри ҷаҳон ошноӣ пайдо мекунанд, вале насли ҷавон бебаҳра мондааст. Муҳим насли ҷавон аст, насле. ки бояд адабиётро ба пеш бибарад, насле, ки набояд рӯи ончи офарида шуда бимонад ва бо ҳамон радифу қавофии такрори мукаррар, бо ҳамон мазомини милионҳо бор гуфташудаи ошиқона, дасту панҷа нарм кунад.

Адабиёт дар кишвари мо, озодии худро наёфтааст.

Агар ин адабиёт дар замони Шӯравӣ адабиёти “синфӣ” шуда буд, боз ҳам ҳадафи аслияш хидмат ба ҷомеа буд, хидмат ба рӯшан кардани мағзи инсон буд. Акнун адабиёт на синфӣ, ки маҳдуд шудааст, наметавонад, ҷуръат намеёбад, ки масоилро дар худ гунҷонаду матраҳ намояд. Таблиғи ин адабиёт дар хориҷ аз он дида намешавад.

Азиз Сангин: Бо ин ки ба ҳама ҳаводису рӯйдодҳои ватан вокуниши сареъу ҷиддиву бепарда нишон медиҳед, боз ҳам Шумо бештар ва пайгиронатар ду мавзӯъро ҳамеша доғ ва зиндаву тапанда нигоҳ медоред:
Бозгашт ба дабираи порсӣ…ва дигар – арҷгузорӣ ба хотираи таърихии миллат. Чаро ин ду мавзӯъро муҳимм мешуморед?

Исфандиёри Назар: Дуруст. Ин ду танҳо дарди ман нест, дарди адабиёти мост, дарди миллати мост. Ҳоло гуфтам, ки адабиёти мо маҳдуд шудааст. Оре, агар забони форсӣ, бештар аз ҳар забони дигаре омӯзиш дода намешавад, агар так-таки мардуми мо бо дабираи аслии забони модари худ дастрасӣ пайдо намекунанд, агар раванди бозгашт ба роҳ монда намешавад, дар ин замону замони баъдӣ, ки омезиши фарҳангҳо, тамаддунҳо бо суръати ногуфтанӣ идома дорад, миллати мо, фарҳанги форсии Варазруд, торихи сарзамини мо дар ин тӯфон нопадид мешавад. Моро дар худ ҳазм мекунанд, моро аз мо гум мекунонанд.
Ин бадбахтист, ки ба омӯзиши забонҳое чун англисиву русиву чинӣ нисбат ба забони порсӣ афзалият дода мешавад. Ин бадбахтист, шикасти миллат аст, ки забони модарии худро нописандона, бо гумони ботили ин, ки “онро медонам”, “бо забони мо ҳеч карда намешавад, дар Русия кор намеояд…” канор бигзоранду раванд думболи забони русиву англисиву чинӣ. Ман мухолифи забономӯзӣ нестам ва баръакс онро муҳим мешуморам. Аммо ҳайронам, ки забони модарии худро надониста чи гуна мешавад забони дигаронро омӯхт. Дар таҷриба зиёд дидаам, ки ҷавонони тоҷик англисиро, русиро беҳтар аз забони модарии худ медонанд ва вақте зарурати тарҷимаи коре аз он забонҳо ба забони модарияшон пеш меояд, бечора мемонанд.

Шоҳид шудаам, ки тоҷикони паноҳҷӯ вақте ҳарф мезананд, тарҷимон (чи аз Афғонистон бошаду чи аз Эрон ва чи ҳатто форсидонони хориҷӣ) намефаҳманд, ки забони гуфтори ҳаммеҳанони мо порсист ё омезае аз русиву порсиву узбакӣ бо калимоти шевагӣ.

Ҳар миллате дар ҷаҳони имрӯз бо расму оини мардумӣ, фарҳангӣ, торихӣ, бо забони модарии худу алифбои он, бо шумори донишмандоне, ки ин забону ториху расму оин ба ҷомеа тақдим кардааст, фахр мекунанд. Аммо мо бо вазъ кардани қавонин садҳо расму оини ноби мардумиро, ки ҷои омӯзиш, ҷои ифтихор ва арзиши сабт дар фарҳангхонаи ЮНЕСКО-ро дорад, нобуд кардем. Чаро бояд ба номи аслии забон баргардем? Чун пеш аз ҳама бо истилоҳи “забони тоҷикӣ” ҳеч миллате ҳозир нест Рӯдакиро, Фирдавсиро, Синоро, Саъдиро… Айниро бипазирад! Дур наравед, саре ба шабакаҳои узбакӣ занед. Дар ҳеч навиштаи худ, ки ба шуарову уламои бузурги мо иртибот дорад, истилоҳи “забони тоҷикӣ”-ро истифода намекунанд! Сарсахтона, кӯшиш мекунанд, ки Тоҷик гуфта нашавад, нодида гирифта шавад ва ба гунаи дуруст он ҳамаро “форс”, “форсизабон” менависанд.Аммо вақте мегӯем “забони мо порсист!” – ҳеч кас дигар ҳаққеву чорае надорад, ки моро аз осори мо, аз чеҳраҳои дурахшону ҷаҳонии адабиву илмии мо маҳрум созад! Ва чаро барои бозгашт ба дабираи форсӣ пофишорӣ мекунам? Пофишорӣ мекунаму хоҳам кард, агар ҷаҳоне муқобилам истод шавад!

Ин, ки душманони ин хат баҳона пеш меоранд, ки хати форсӣ моро оқибмонда мекунад, бо ҳамин хат хонанда надорем, бо форсӣ аз куҷо пайдо мешавад, бо хати форсӣ ҷавонон мутаъассиб мешаванд… баҳонае беш нест! Балки ин ҳама таҳқири фарҳангу ториху худи ин Миллат аст!

Хати форсӣ ҳеч касро мутаъассиб накардаву намекунад. Оне, ки ба таъассубу моҷароҷӯӣ меравад, бе ин хат ҳам, ба василаи англисиву чиниву русӣ ҳам меравад. Ҷинояткорони сафи доиш танҳо арабҳову форсҳову паштуиҳо нестанд, дар сафи онҳо русу олмониву англису дигар миллатҳо низ фаровонанд! Нафаси тоза, фазои боз, сарчашмаҳои ноб барои адабиёти мо, барои пӯёиву пойоии забони мо бозгашт ба дабираи мост! Дабираи порсӣ як рукни Худсолории Миллат аст. Мо бо омӯзиши дабираи худ метавонем ба фарҳанги ҷаҳон, ки ҳамарӯза дар Эрону ба василаи порсизабонон дар соири кишварҳои ҷаҳон фаврӣ тарҷимаву чоп мешавад, дастрасӣ пайдо кунем.

Шоъир дар Ватан

Азиз Сангин: Шумо худ хуб медонед, ки шуъаро ва удабои пешини мо ончунон ғайрат, ҳиммат ва зарфияту тавонмандӣ доштаанд, ки дар баробари офариниши осори арзишманди бадеъ ба масоъили дигари давру бари худ, чӣ дар ҳавзаи сиёсату иҷтимоъ ва чӣ таъриху фарҳангу масоъили доғи рӯз таваҷҷӯҳ зоҳир мекардаанд. Ва ин анъана то бузургворон Айниву Лоҳутӣ, Турсунзода, Қаноат, Лоиқ идома дошт. Масалан, абарустод Лоиқ Шералӣ он растохезу ҷунбиши азими бузургдошти забонамонро дар авохири садаи гузашта оғоз бахшиду раҳнамоӣ ва мувозибат кард, то он ки ба мақоми давлатӣ расид, Бунёди забонро созмон дод ва чандин сол сарварияшро ба ӯҳда дошт. Намояндаи мардумӣ дар парлумони Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва ғайра. Аз миёни шоирони имрӯз ман ҳамон гуна такопӯю тапишу талошу ҳимматро дар Шумо мебинам. Ба ҳама ҳаводису рӯйдодҳои Ватан, аз сукути мурдавор дар Маҷлис гирифта то идгардаки кӯдакон, аз вазъи артиши кишвар то чанорони шаҳиди Душанбе, вокуниши сареъу ҷиддӣ нишон медиҳед. Чаро дигарон, бахусус онҳое, ки дар Ватан ҳастанд ва боястӣ дардҳои ҷомеъаву мардум, ба таъбири Ҳейне, аз дили онҳо бигзарад, дар сукути даҳшатбор фурӯ рафтаанд?

Исфандиёри Назар: Рисолати шоир, нависанда, рӯзноманигор ва умуман рисолати ҳар шаҳрванде вокуниш нишон додан ба масоили давру бараш – чи мусбату чи манфӣ – ҳаст ва бояд бошад!Шоир будан, танҳо ошиқонасароӣ нест, шоир будан пеш аз ҳама фарёди мардум будан аст, чароғи зеҳни мардум будан аст, шоир будан – мунтақиди хати пеши ҷомеа будан аст!
“Агар ҷаҳон битаркад, дарзҳои он аввалқадам аз дили шоир мегузаранд” – гуфтааст Ҳейне ва агар ин ҳама мушкилу масоилу таркишҳои равониву иҷтимоъӣ, ки дар ҷаҳон ва дар кишвари мо мегузаранд, аз дили шоир нагзаранд, бо забони ӯ ба фарёди башарӣ табдил наёбанд, дар осори ӯ мустанад нашаванд, пас шоир – касе нест, ҷуз як ваҳмсаро барои худаш ва маъшуқаи хаёлӣ ё воқеияш. Ман “Шоири халқии Тоҷикистон”-еро медонам, ки ғазалҳои кӯбанда ва хеле барои мардум муҳимро зиёд суруда. Вақте бароям онҳоро мехонд, гуфтам: Чаро намехоҳед чопашон кунем? Посух дод, ки: Замона намебардорад, гӯем, баъд вақташ, ки омад чоп мешаванд…Ҳоло худ ҳолатро шарҳ диҳед. Дард доранд, мушкилотро мебинанд, фоҷиа пеши рӯяшон сурат мегирад, онро менависнду пинҳон медоранд, то ба бало науфтанд, то хира нашаванд, дар листи сиёҳ номашон надарояд…Аммо шеъри муваффақи имрӯз ин масоилро дорад! Аз Суруш сар карда, то худи Шумо, аз Фаридуни Раҳнавард сар карда то дар ҳойкуҳои Бахтиёр Аминӣ масоили мушкили иҷтимоъ бозтоби худро ҳамарӯза меёбанд.

Шоир, агар ҷасорат надошта бошад, адиб агар ҷасорат надошта бошад, рӯзноманигор агар ҷасорат надошта бошад, фарёд, бедодӣ, зулм дар ҷомеъа мемонаду мисли гушти намакнахӯрда бӯй мегирад, кирм мекунад ва ҷомеаро фосид месозад.

Азиз Сангин: Фақат тарс аст, ки боиси карахтию инҷимоди фикрию офаридгории адибони тоҷик шудааст ё тарс фақат баҳонаест барои худсафедкунӣ ва гурез аз масъулият? Охир, ҳастанд ангуштшумор шахсиятҳое мисли Абдуқодири Рустам, Барзу Абдураззоқов ва чанд тани дигар, ки ба ҳар навъе сухани дилу виҷдони худро иброз медоранд…

Исфандиёри Назар: Пеш аз ҳама тарси ниҳодинашуда ва онгоҳ иқтисоди заиф, дастнигар будани шахси эҷодкор, бемутакко будани шахси эҷодкор дар ҷомеа метавонад боиси сукути ин табақа гардад. Тарс дар миллати мо, агар бар асари ҳуҷумҳои даҳшатноки Искандар, Қутайба, Чингиз, Темур, ҳукумати подшоҳии рус, ҳукумати болшевикии рус рӯйи ҳам ҷамъ шуда буд, бадбахтона дар ин чанд соли охир бо ҳамаи василаҳои истибдод дар вуҷуди мардум ниҳодина карда шуд.Ин тарсро аз вуҷуди миллат боз ҳам аҳли қалам метавонанд бишкананд ва ҷои онро бо шаҳомату ҷасорату диловарӣ пур созанд. Бале, қалами устод Абдуқодири Рустам, қалами Барзуи бузургвор аст, ки ба ҷавонон неру мебахшад ва ҳамоно оташ ба бунёни тарс мезананд.

Азиз Сангин: Ба ҳамин наздикӣ навори сӯҳбати яке аз шуъарои хушноми кишварамонро гӯш кардам, ки мегуфт аҳли адаб дар дарёфту интихоби вожаву ибороти тавсифӣ ба мушкили ҷиддие рӯбарӯ ҳастанд, чун мухотаби умумияшон доиман ва аладдавом дар ташаккулу камол ҳаст, вале имконоти дохилии забон қодир нест ин барҷастагии ҳамеша дар ҳоли ташаккулро боз ҳам барҷастатар ба тасвир оварад, зеро, мегуфт ӯ, кори адабиёт аз он чи ҳаст барҷастатар тасвир кардан аст…

Исфандиёри Назар: Ай кош ин ҳарфро барои баёни мусибатҳое, ки дар ҷомеа мегузаранд, гуфта буд…Ва дуруст, барои маддоҳӣ, тамаллуқ, чоплӯсӣ, хазинаи ҳамаи забонҳои дунё вожаҳоро кам доранд…

Азиз Сангин: Миёни аҳли адаби Тоҷикистон ин иддиъо роиҷ шудааст, ки шеъри имрӯзи тоҷик аз лиҳози кайфият ва бозтоби дардҳои ҷомеъа дар қиёс бо шеъри имрӯзи Эрону Афғонистон ба маротиб пешгомтар аст. Мувофиқ ҳастед бо ин навъ назар?

Исфандиёри Назар: Порае аз масоилро шеъри порсии ҳавзаи Варазруд хубтар баён кардааст. Интихоби мавзуъ дар шеъри порсии шӯравии тоҷик беҳтарин буд, аммо кайфияти баёни он дар умум хушк буд.Аммо дар масоили зиёде шеъри Эрон пешгом аст, шеъри Хуросон низ қиёму қуъуди дидание дорад. Адабиёти мо метавонад ба адабиёти пешоҳанг табдил ёбад, агар дабираи ин миллат ба ӯ баргардонида шавад.

Азиз Сангин: Узвияти ҳеҷ кудом аз аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣро, бо он ки дар баррасию ба майдони баҳс кашидани мавзӯъоти доғи кишвар самимонаву ҷоннисорона фаъол ҳастед, напазируфтаед. Чаро? Ин аҳзобу гуруҳҳоро лоиқи ҳамкорӣ намедонед? Ё онҳо, ончунон, ки Шумо мехоҳед, дар аҳдофу гуфтору рафтору ниятҳои худ самимиву содиқу якрӯ нестанд? Ё шояд фикр мекунед, мардуми мо ончунон карахту ғафлатзадаву ҷодузадаву бетафовут шудаанд, ки ин аҳзобу гуруҳҳои сиёсии фарсахҳо дур аз Ватан пинакашонро ҳам шикаста наметавонананд?

Исфандиёри Назар: Абарустод Лоиқ гуфтаанд:
Ҳар куҷо ҳизб – кизб низ онҷост!Ҳизббозӣ куҷо баҷо гузарад.
Мо ҳоло ҳизберо надорем, ки халқ бо шӯру иштиёқи худаш ба сафи он бихоҳад пайвандад. Ҳизбе, ки суфуфи худро бо фишору таҳмилу шартгузориҳо пур мекунад, аслан ҳизб нест! Ҳизбе, ки наметавонад тамоми шароиту масоилро дар барномааш гунҷонад ва бар хости дили мардум, барои тараққии ҷамъият пеш биравад, ҳизб нест! Бале, ман узви ҳеч ҳаракату ҳизб нестаму шояд ҳеч гоҳ нахоҳам буд. Аммо, чун узви ин ҳама ҳаракату ҳизбҳо ҳаммилатони ману шумоянд, чун сокинони Тоҷикистонанд, кӯшишу ҳаракату ҳарфу мавқеъгирии онҳоро чун шаҳрванд, чун як қаламкаш пайгирӣ мекунам, мехонам, вокуниш нишон медиҳам. Ҳар ҷо сухани ҳақ бошад, сухани ба манфиати мардуму Кишвар бошад, ба он ҳамовоз мешавам ва агар хилофи ин аст, эътироз хоҳам кард. Ман ба танҳоии худам як ҳаракатам, як ҳизбам, як сипоҳам ва ҳар фарде ба танҳоии худ, агар бихоҳад, чунин аст.

Азиз Сангин, шоъир ва фаъоли ҷамъиятӣ

Азиз Сангин: Оё бо Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон робита доред ва ё аз он ҷониб назаре, бардоште, вокунише ба шеъру эҷоди яке аз тавонотарин шоирони имрӯзи миллат ҳаст? Агар ҳаст, чигуна аст ва агар нест, чаро?

Исфандиёри Назар: Ман узви ИНТ нестам. Устод Қутбӣ Киром, ҳанӯз дафтари аввалам чоп нашуда буд, ки мехостанд маро узви ин иттиҳодия созанд. Ҳеч аз ёдам намеравад. Ба ИНТ телефон карданду Аскар Ҳакимро пурсиданд. Аз он сӯ устод Гулназар посух доданд, ки Аскар Ҳаким дар шаҳр нестанд ва пурсиданд, ки чи хизмат доред. Устод Қутбӣ гуфтанд, ки: мехоҳам як ҷавонро муаррифӣ кунам, ки шоир аст ва бояд узви ИНТ шавад. Гулназар пурсиданд, ки кисту оё китобаш чоп шуда? Устод посух доданд, ки: дастнависи китобаш ба чоп омода, номаш фалон аст ва шарт нест, ки аввал китоб дошта бошаду баъд узв шавад. Устод Гулназар гуфтанд, ки: боке нест, баъд ҳам метавонад узв шавад, мусоидат мекунем. Устод Қутбӣ бо дард гуфтанд: Баъд намешавад… Мирзо Маҳмудро ҳам гуфта буданд баъд узв мешавад…Дуввумин шоире, ки зиёд мехост ман узв бошам, Раҳмат Назрӣ буданд, ки борҳо маро накӯҳиш кардаанд. Узв будан, муҳим нест, чизе ҳам ба шеъру шоири кас намебахшад. Ман камтар ба ИНТ рафтаам, шояд ҳамагӣ чанд маротиба бошад.

 

Азиз Сангин: Медонам, ки соъате, рӯзе, шабе намегузарад, ки шоир Исфандиёр бе ёди Ватан, бе ёди Дарғи Шариф, бе ёди Хаволи биҳиштиаш бошад, худро пои сӯҳбати падар, дар канори азизонаш тасаввур накунад… Он соъату рӯзи ормонӣ кай фаро мерасад?

Исфандиёри Назар: Намедонам…Ин сангинтарин суолест, ки ба он посух надорам…

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.