Исфандиёри Одина: Тоҷикистон ба Рӯзи муҳоҷир ниёз дорад, на ба Рӯзи президент

Рӯзи президент? Тоҷикистон беш аз ҳама ба #РӮЗИ_МУҲОҶИР ниёз дорад!
Ин #МУҲОҶИР аст, ки ҷамъияти наздик ба даҳмилюнии Тоҷикистонро мехӯронаду мепӯшонад!
Иқтисоди Тоҷикистон бо дастмузди МУҲОҶИР, ки бо заҳамоти беназир ва бо рехтани ъарақи ҷабин ба даст оварда ва ба ВАТАН мефиристад, пеш меравад!
Ин МУҲОҶИР аст, ки ба ҳама гуна хорию зиллат ва меҳнату накбат тан медиҳад, вале заҳмат мекашаду пул мефиристад, то кӯдакон ва ҷавонони миллат аз омӯзиш дар дабиристон ва донишгоҳ маҳрум намонанд!
Ин МУҲОҶИР аст, ки ин ҳама ҷавру ситамро бар худ раво мебинад, то раисҷумҳуру вазиру вакили кишвараш дар роҳаткурсиҳои гарм нишинанду қаҳва бинӯшанд (кор, ки намекунанд!), бо мошинҳои лукс бигарданд, навор қайчӣ кунанд, дар кохҳои муҷаллал бизиянд ва ҳар рӯз ба кишварҳои мухталифи дунё сафарҳои зарурию ғайризарурӣ анҷом диҳанд, мукарар ҳам ҳаҷ раванду ҳоҷӣ шаванд, ва эътиное ҳам ба ҳоли муҳоҷирони бахтбаргаштаи тоҷик дар Русия накунанд!
Пас, #РӮЗИ_МУҲОҶИР хуҷаста бод!
Рӯзи #МУҲОҶИРИ ғарибу бадбахти #ТОҶИК хуҷаста бод!
Рӯзи #МУҲОҶИРИ сарсахти #ТОҶИК хуҷаста бод!

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.