Истиқболи Байден ва Бачелет аз ҳукми айбдоркунанда дар қазияи куштори Флойд

Президенти ИМА Ҷо Байден ва раиси Комиссиюни ҳуқуқи башари СММ ҳукми  афсари собиқи полиси шаҳри Миннеаполис Дерек Шовинро истиқбол карданд, ки дар куштор ва куштори ғайриҳадафмандонаи Ҷорҷ Флойд айбдор шуд. Баъди беш аз 10 соат баҳсу баррасиҳои 20-уми апрел 12 узви ҳайати доварон ба қароре омаданд, ки Шовин бар асоси чандин иттиҳом, аз ҷумла, куштори дараҷаи ду ва се ва ҳам куштори ғайриҳадафмандона гунаҳгор дониста мешавад. Флойд моҳи маи соли 2020 дар паи он кушта шуд, ки барои истифодаи як 20-доллараи қалбакӣ  дар як фурӯшгоҳе нигаҳ дошта шуд ва ба ҳангоми боздошт зери пои ходими полис Шовин, ки ба гардани ӯ бо зонуяш сахт зер карда буд, дар нӯҳ дақиқа ҷон дод. Ин қазия боиси эътирозҳои чандинмоҳа аз хушунати полис ва ҳам нобаробарии нажодӣ дар ИМА шуд. Байден гуфт, ки ҳукми Шовин барои дастёбӣ ба адолат дар Амрико “як қадами азим аст”.

Як навори видеоие, ки баъди марги Флойд дар шабакаҳо паҳн шуд, саҳнаи дар рӯи замин бо шикамаш пахш шудани Флойди африқоитабори 46-сола ва ба гарданаш бо фишор зер кардани Шовини сафедпӯстро ба намоиш гузошт. Ба Шовин, ки 45 сол дорад, то 40 соли зиндон таҳдид мекунад. Ҳукми ӯ дар ду моҳи оянда содир хоҳад шуд. Эҳтимолан ӯ аз болои  ин ҳукм ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят кунад.

Вале ҳукми айбдоркунандаи ҳайати доварон мавриди истиқболи  мардум дар додгоҳи Миннеаполис шуд. Саҳнаи қироати ҳукмро ба таври зинда тавассути телевизион намоиш доданд.

Комиссари ҳуқуқи башари СММ Мишел Бачелет ҳукмро истиқбол кард ва гуфт, ки “ҳама гуна ҳукми дигар масхараи адолат мебуд”. Дар  Миннеаполис ва дигар шаҳрҳо бисёриҳо ба ин андеша буданд, ки дар сурати содир шудани ҳукми сафедкунанда эътирозҳои давомдори навбатӣ дар пеш аст. Қазияи марги Флойд боиси раҳпаймоиву эътирозҳои чандинмоҳа дар саросари ИМА шуд ва баробар бо ин хушунату ғоратгарӣ ҳам дар пай дошт.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.