“Истиқлол” нахустин бозиашро дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC бо “Шабоб Ал-Аҳлӣ” мусовӣ кард

Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон аввалин бозиашро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 дар гурӯҳи «А» муқобили бошгоҳи “Шабоб Ал-Аҳлӣ”-и Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.

Бозӣ миёни қаҳрамонҳои футболи Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб 15-уми апрел соати 22:00 бо вақти маҳаллӣ (соати 00:00 16-уми апрел) бо вақти Душанбе дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ, дар Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳд бе ҳузури тамошобинон шуруъ шуд.

Бозӣ бо бартарии футболбозони “Шабоб Ал-Аҳлӣ” сурат гирифт, ки дар ҷараёни дидор чандин лаҳзаҳои хуби голзанӣ доштанд, вале аз онҳо истифода карда натавонистанд. Як лаҳзаи хуби голзаниро дар дақиқаи 68-ум легионери турктабори ҳолландии “Истиқлол” Ҳусейн Доған аз даст дод. Ҳамин тариқ, ин бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.   

Бозии дигари даври аввали гурӯҳи «А», ки ҳамзамон дар варзишгоҳи ба номи Шоҳзода Файсал бин Фаҳд миёни бошгоҳҳои «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ва АГМК-и Узбекистон доир гардид, бо ҳисоби мусовии 2:2 ба поён расид.

Ҳисобро дар дақиқаи 11-ум Зафар Полвонов, бозигари АГМК, кушод. Баъди 16 дақиқа Сардор Раҳмонов, бозигари тими мизбон, ҳисобро баробар кард. Виетто Лусиано дар дақиқаи 37-ум голи дувуми “Ал-Ҳилол”-ро ба самар расонид. Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 70-ум, ба Санҷар Шахмедов, бозигари АГМК, муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намояд – 2:2.  

Ба ин тартиб, бошгоҳҳои “Ал-Ҳилол”, АГМК, “Истиқлол” ва “Шабоб Ал-Аҳлӣ” якимтиёзӣ ба даст оварданд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар гурӯҳи «А» дар шакли мутамарказ дар Арабистони Саудӣ то рӯзи 30-юми апрел идома хоҳад кард. Ба ин гурӯҳ бошгоҳҳои «Истиқлол»-и Душанбе (Тоҷикистон), “Шабоб Ал-Аҳлӣ”-и Дубай  (Имороти Муттаҳидаи Араб), “Ал-Ҳилол”-и Риёз (Арабистони Саудӣ) ва АГМК-и Олмалиқ (Узбекистон) дохиланд.

Ҳамаи бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар як вақт – соати 22:00 бо вақти маҳаллӣ (00:00 бо вақти Душанбе) оғоз ёфта, дар ду варзишгоҳ – Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳд ва варзишгоҳи ба номи шоҳзода Файсал бин Фаҳд дар Риёз – баргузор мешаванд.

Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021 қаҳрамони Тоҷикистон боз панҷ бозӣ анҷом медиҳад. Дар бозии дувуми худ “Истиқлол” рӯзи якшанбеи 18-уми апрел бо бошгоҳи АГМК-и Узбекистон рақобат хоҳад кард.

Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии «Истиқлол», дар як нишасти матбуотӣ гуфт, “Истиқлол» бори аввал дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АФК бозӣ мекунад, ки ин барои мо ва тамоми футболи тоҷик шараф аст. Мо хуб дарк мекунем, ки дар ин марҳила ҳарифони суст нестанд, бинобар ин мубориза мебарем ва футболи худро намоиш медиҳем”.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар ду минтақа – Ғарб ва Шарқ – дар даҳ гурӯҳ сурат гирифтааст. Марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё дар минтақаи Ғарб аз 14-ум то 30-юми апрел ва дар минтақаи Шарқ аз 21-уми апрел то 7-уми май дар шакли мутамарказ баргузор мешавад.

Тибқи низомнома, аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои севумро мегиранд ва нишондиҳандаҳояшон хубтар аст, дар даври ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 иштирок хоҳанд кард.

“Истиқлол” 21 футболбозро ба марҳилаи гурӯҳии бонуфузтарин сабқати бошгоҳҳои Осиё шомил кардааст. Ба иллати ҷароҳат доштан дар ин мусобиқа ба “Истиқлол” ҳимоятгар Искандар Ҷалилов, нимҳимоятгар Амирбек Ҷӯрабоев ва ҳамлагар Ислом Зоиров кӯмак карда наметавонанд.

Бояд гуфт, ки “Истиқлол” нахустин бор дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC иштирок мекунад. Зимнан, Лигаи қаҳрамонҳои AFC аз соли 2003 баъди пайвастани Ҷоми қаҳрамонҳои Осиё ва Ҷоми дорандагони ҷомҳо ин номро гирифтааст.

 

Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (ИМА)

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

АГМК (Узбекистон)

Даври 1-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Андрей Мишенко, Алексей Ларин, Зоир Ҷӯрабоев, Манучехр Сафаров, Муҳаммадҷон Раҳимов (Ваҳдат Ханонов, 84), Шаҳром Сулаймонов, Нуриддин Давронов, Алишер Ҷалилов (капитан), Ҳусейн Доған, Манучеҳр Ҷалилов (Рустам Соиров, 64).

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (ИМА): Маҷид Носир, Муҳаммад Марзук, Абдулазиз Ал-Муборак, Ҳамдан Ал-Камолӣ, Карлос Эдуардо, Абдулло Алӣ Ҳасан, Муҳаммад Ҷумъа, Абдулазиз Санкур (Саид Аҳмад, 79), Маҷид Ҳасан, Яҳё Ал-Ҳасанӣ (Аҳмад Ал-Хашмӣ, 60), Игор Жезус.

Беҳтарин бозигари дидор: Рустам Ятимов («Истиқлол»).

Огоҳӣ гирифтанд: Муҳаммадҷон Раҳимов, Рустам Соиров («Истикқлол»), Игор Жесус («Шабоб Ал-Аҳлӣ»).

Сардовар: Дилан Перейра (Шри-Ланка).

Нозири доварон: Носир Ал-Ғаффорӣ (Урдун).

Комиссари бозӣ: Муним Фахурӣ (Урдун).

15-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳд

 

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – АГМК (Узбекистон) – 2:2

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «А» 

 Ҷ

 ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

1

0

1

0

2-2

1

2

АГМК (Узбекистон)

1

0

1

0

2-2

1

3

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

1

0

1

0

0-0

1

4

«Шабоб Ал-Аҳлӣ» (ИМА)

1

0

1

0

0-0

1

Тақвими бозиҳои боқимонда

Даври 2-юм

18-уми апрел (якшанбе)

АГМК (Узбекистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ» (Иморот) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

Даври 3-юм

21-уми апрел (чоршанбе)

АГМК (Узбекистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ» (Иморот)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 4-ум

24-уми апрел (шанбе)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ» (Иморот) – АГМК (Узбекистон)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

Даври 5-ум

27-уми апрел (сешанбе)

АГМК (Узбекистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ» (Иморот) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 6-ум

30-юми апрел (ҷумъа)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ» (Иморот)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – АГМК (Узбекистон)

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.