Чархаи дуюми НБО “Роғун” 9 уми сентябр гардон мешавад

ДУШАНБЕ, 03.09.2019./АМИТ «Ховар»/. 9-ми сентябри соли равон дар Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   агрегати дуюми  Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода  мешавад.

Инак, 28 сол мешавад, ки  мардуми соҳибистиқлоли тоҷик таҳти роҳбарии Давлату  Ҳукумати Тоҷикистон ба бунёди роҳу нақбҳо, нерӯгоҳу хатҳои интиқоли барқ, садҳо корхонаи саноатӣ, зерсохтори асосии коммуникатсионӣ ва энергетикиву саноатии  мамлакат камари ҳиммат баста, дар ин муддат   бо меҳнати содиқона  тавонистанд Тоҷикистонро ба як қаламрави воҳид табдил диҳанд. Аз ҷумла, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, азму иродаи матин  ва талошҳои  пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи муҳим ва сифатан нави рушди соҳаи энергетика оғоз ёфт. Зеро энергетика зерсутуни тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ маҳсуб шуда, пешрафти  иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат ба он вобастагии қавӣ дорад.

Бояд  гуфт, ки  дар давраи истиқлолият вобаста ба пешрафти  иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти мардум талабот ба барқ низ сол то сол зиёд мегардад. Зеро шумораи аҳолии ҷумҳурӣ афзоиш ёфта, садҳо ҳазор оилаҳо барпо ва ҳазорон манзили истиқоматии нав бунёд мешаванд, ки ин ҳама ба истеҳсоли неруи барқи иловагӣ эҳтиёҷ  доранд.

Дар даврони истиқлолият  дар заминаи зина ба зина амалӣ шудани сиёсати энергетикии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам омад, ки сол то сол таъминоти мардум бо неруи барқ беҳтар гардад.  Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ    Тоҷикистон  ба кохии нур табдил ёфт ва бузургтарин  иншооти энергетикӣ  дар ҳамин  давра бунёд гардиданд.

Тибқи иттилои масъулини  ШСХК «Барқи Тоҷик», дар давраи истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетика бе назардошти НБО «Роғун» ба қадри 1520 МВТ зиёд шуд, ки ин нишондиҳандаи хеле хуб аст.

Оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум», мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда — 1», «Сангтӯда — 2», «Помир – 1» ва «Тоҷикистон» дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2, зеристгоҳҳои барқии 500-киловолтаи «Душанбе» ва «Суғд», хати интиқоли барқи 500-киловолтаи «Ҷануб-Шимол», дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500-киловолта дар Неругоҳи барқи обии «Норак», зеристгоҳҳои барқии 220-киловолтаи «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран — 2», хатҳои интиқоли барқи 220-киловолтаи «Лолазор-Хатлон», «Тоҷикистон-Афғонистон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Қайроққум-Суғд», «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва оғози татбиқи воқеии лоиҳаи КАСА – 1000 аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошанд, ки таҳти роҳнамоии бевоситаи Пешвои хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда шудаанд.

Бо татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикии  мамлакат  1320 мегаватт зиёд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500, 220 ва 110- киловолта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 16 ноябри соли 2018  ба кор сар кардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар Тоҷикистон ҳодисаи муҳими таърихӣ буд. Халқи тоҷик дар атрофи  Пешвои худ зич муттаҳид шуда, аз ин имтиҳони муҳими таърихӣ гузашт ва  ормони миллӣ  амалӣ гардид.

Дар ин рӯзи барои миллати тоҷик таърихӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд.

Сарвари давлат нахуст дар маҳалли сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и «Душанбе-Роғун»-ро бо пахши васлак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшониданд. Хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и «Душанбе- Роғун» дар доираи лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» амалӣ шуда, арзиши умумии тарҳ 650 миллион сомонӣ мебошад. Лоиҳаи мазкур моҳи сентябри соли 2017 оғоз ёфта, анҷоми татбиқи лоиҳа тибқи нақша моҳи августи соли 2021 пешбинӣ шудааст.





Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шаҳрвандони  мамлакат  ва ҳамватанони бурунмарзиро бо ин рӯйдоди муҳим табрик гуфта,  ба сохтмончиён, бунёдгарони ин кохи бошукӯҳи нур, ки дар майдони заҳмати созанда, саҳнаи нангу номуси миллӣ шуҷоату матонат ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ нишон доданд, аз номи тамоми мардуми тоҷик, аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон миннатдории самимӣ изҳор намуданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба хотири таъмини рушди устувор тамоми захираву имкониятҳои мавҷударо барои бунёди неругоҳҳо сафарбар намуд. Роҳбарияти давлату ҳукумат амиқан дарк мекарданд, ки «Роғун» омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистон мебошад.

Зикр гардид, ки корҳои сохтмону васлкунӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ҷалби 70 ташкилоту муассиса, пудратчиёни номдори ватаниву хориҷӣ ва шумораи умумии зиёда аз 22 ҳазор нафар мутахассисону коргарон, ки беш аз 90 фоизи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, инчунин бо истифодаи 3600 мошину механизмҳо амалӣ гардида истодааст.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар баробари ба истифода супоридани иншооти навбати аввали неругоҳи «Роғун» ва истеҳсоли барқи аввал, ки ҳоло мо шоҳиди ин рӯйдоди таърихӣ гардидем, то имрӯз дар дигар иншооти асосиву ёрирасони он низ корҳои зиёде анҷом ёфтаанд. Аз ҷумла, бунёди хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи «Душанбе — Роғун» ва зеристгоҳи барқии неругоҳ ба истифода дода шуд.

«Роғун» имрӯз ва дар оянда низ мояи ифтихори ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳсоси гарми ватандориву сарбаландии мардуми тоҷик хоҳад буд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар нури аввал ва нахустшӯълаи чароғистони бузурги миллатро, ки ба ҳар хонадони ҷумҳурӣ  расид, ба тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол самимона табрик гуфтанд.

Бояд зикр кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати сохтмонии Salini Impregilo (Италия) қарордод ба имзо расонидааст, ки тибқи он барои сохтмону ба кор даровардани ду агрегати барқии НБО «Роғун» 3,9 млрд доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи баҳои коршиносони байналмилалӣ, ташаббуси Пешвои миллати  Тоҷикистон дар бунёди НБО-и  «Роғун» паёмади шуҷоати фитрӣ, истеъдоди камназири  давлатдорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва талошҳои хастанопазир барои зиндагии беҳтару шоистаи мардум мебошад, ки на фақат истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин мекунад, дар иқтисодиёти миллӣ ҷаҳишҳо ва пешрафтҳои беназир ба амал меоварад, балки ба сифати ғояи ҳаётбахши умумимиллӣ ваҳдату иттиҳоди халқи Тоҷикистонро аз азамату пойдории бештаре бархӯрдор менамояд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»




















    

Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар»: 16 ноябри соли 2018, маросими  кушодашавии агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»

 

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.