Истиқлол ҳадяи илоҳӣ ё бахти аз осмон афтода?!

Рӯзномаамро бастанд.
Дару панҷараҳоро шикастанд.
Худамро душман эълон карданд.
Борҳо барои куштанам омаданд.
Хонаамро заданд.
Ҳатто бозичаҳои кӯдаконамро рабуданд.
Дӯстонамро куштанд.
Ба ҳиҷрат маҷбур карданд.
Аз шаҳрвандии Тоҷикистон ҳам маҳрумам карданд.
Модарам дар интизори дидор ва дарди зиндаҷудоӣ дунёро тарк гуфт.
Фарзандонам дар кишварҳои гуногун саргардонанд.
Одамизод як бор ба дунё меояд. Кӣ ин ҷавонии сӯхта ва умри барбодрафтаро ҷуброн хоҳад кард?
…Ҳоло дар хонаи аҷнабие, дар мулки бегонае нишастаам ва “ҷашни истиқлол муборак”-ҳоро мехонаму намедонам табрик бигӯям ё таслият арз кунам.
Номи “қаҳрамонони истиқлол” ва “меъморони истиқлол”-ро мехонам ва ба ғазаб меоям.
Борҳо гуфта будам ва боз мегӯям: истиқлол як ҳадяи муфт ба мо буд.
ГКЧП шикаст хӯрд.
СССР-и серзана ба ҳама 15 арӯсаш талоқи муғаллаза дод.
Бисёре аз он занҳо шод шуданд, ки аз оғӯши як ландаҳӯр озод гаштанд. Аммо Тоҷикбону ҳай шоирона гиристу гирист: ”марав аз ман, ки бо ту меравад девону девору достонам!”
Албатта, гурӯҳе истиқлолхоҳон буданд. Аламовараш онҳо ё кушта шуданд, ё тарки Ватан карданд.
Ҳоло аз истиқлол онҳое мегӯянду месароянд, ки то тавонашон бар зидди истиқлол мубориза бурданд.
Тоҷикистони советӣ, ки бева монда буд, ба дасти гуруснагони нону сексу давлат афтод. Бо ибораи дигар “ҳеҷ будагон ҳар чӣ шуданд!” Ҳоло аз истиқлол ононе меболанд, ки замоне ишқашон “хари ҳамсоя” буд, ҳоло ситораҳои телевизиону саҳна, ғолибони озмунҳои “Маликаи зебоӣ”. Ончунон аз худ бехуд гаштаанд, ки бар онанд, ҳеҷ бонуе набояд аз ҳамбистарӣ бо онҳо рӯ тобад.
Истиқлол озодист.
Матбуоти озод. Интихоботи озод.
На галстуку кӯшку ломбарҷинӣ.
Даҳонҳои баста истиқлол нест.
Забонҳои лесанда забон нест.
Истиқлол ворастагист.
Касе ба ту кор надорад. Майхона меравӣ ё бутхона, мусҳаф месузӣ ё мактаб месозӣ, аз масҷид бурун намеравӣ ё дар дайри муғон мечархӣ.
Истиқлол – соате чатр бар сар мекунӣ, ки дар зери борони болои худатӣ, на соате, ки дар кишвари хоҷаҳоят абр хестааст.
Кишваре, ки гурезаи сиёсӣ ва зиндонии сиёсӣ дорад ҳеҷ гоҳ на субот дорад, на шарофат дорад, на наҷобат.
Барои ҳар кишваре, ки ба ҳар мансабдор қасидаву мадҳия месароянд, ҳатман рӯзе марсия хоҳанд суруд.
Кишваре, ки сад сарватманду миллион эҳтиёҷманд дорад, барои зиндагӣ нест. Аз ин ҷост, ки мардум аз мамлакат хонахез мегурезанд.
Истиқлол он нест, ки парчаму суруди миллӣ дорӣ. Ва саду чанд мамлакат шинохту узви Созмони Миллал гаштӣ. Ин як амри маъмулӣ ва расмият асту бас.
Мамлакати соҳибистиқлол мамлакатест, ки шаҳрвандонаш озоданд. Ҳама баробарҳуқуқанд. Хоҷаву ғулом нест. Ҳама дар назди қонун баробаранд.
Сантехник ва президент дар кишвари соҳибистиқлол дар як мақоманд. Барои яке пул медиҳӣ, ки ҳоҷатхона ё яхчолатро таъмир кунад, дигареро барои як ё ду давра раиси ҷумҳур кироя мекунӣ, ки дар хизматат бошад. Дигар ҳеҷ!
Кишваре, ки баъди қариб сӣ сол бо як “кишвардори ҷовидонӣ” ба миллат чанд бӯқаламун, чанд пасмондаро аз ҳизбҳои киссагӣ пешниҳод мекунад, ки аз инҳо якеро президент интихоб кунед, барои зиндагист? Таҳқири миллат нест?
Ин қартабозӣ, қиморбозӣ, ғиромбозӣ ё “алик-малик” аст, на давлатдорӣ. Ва на ба ҳеҷ ваҷҳ соҳибистиқлолӣ.
… Ибтидо аз сарнавишти худам гуфтам. Оё ман танҳоям?
Он муҳоҷире, ки кӯдаконашро дар хоб мебинад ва тӯи арӯсии фарзандашро аз экрани телефон тамошо мекунад, чӣ?
Он пирамарде, ки дар дили шаб аз гуруснагӣ азият мекашад,чӣ?
Он ҷавоне, ки барои як лайк паси панҷараи зиндон аст, чӣ?
Он духтараки паричеҳра, ки ба хотири ғизои шом барои додару хоҳараш дар шабонгаҳ, дар сари роҳ истодааст, то кадомин ишкамғафси бӯине барои соате ӯро барад, чӣ?
Он модаре, ки аз ноумедӣ худро бо чор ҷигарбандаш ба дарё меафканад, чӣ?
Он писари мусофире, ки аз тарси боздошту зиндон шудан, намеёрад падар ё модарашро ба роҳи охирин гуселонад, чӣ?
Шояд аз қасру кӯшкҳо садои базми мастона ва накҳати кабоб меояд.
Аммо медонам, ки аз бому дари бештари мардум садои нола меояд. Ғам дар бомгӯшаҳо марсия месарояд. Марсияи ҷудоӣ, марсияи ҳиҷрон, марсияи нодорию ноилоҷӣ…
Эҳтиёҷ сарҳои баландро паст мекунад. Шарафи шарафмандонро мешиканад. Озодию истиқлолро ба дор мекашад.
Бӯи хушунат, нафрат, кароҳат аз ҳар дару девор дам мезанад. Тумани ҷаҳолат фазоро пахш кардааст. Як даме рӯ оваред ба шабакаҳои иҷтимоӣ.
Он ҷо ва ин ҷо ҷанги сард, ҷанги иттилоъотӣ, ҷанге бидуни қоидаву усул ба авҷи аълои худ расидааст, ки поёнаш ҷанги гарм – ҷанги нави шаҳрвандист. Касе инро нодида мегирад ё кӯр аст, ё дар хоби ғафлат! Ҳама задухӯрдҳо, кашмакашҳо, муҳорибаҳо чунин оғоз ёфтаанд.
Бӯи соли нуздаҳ наваду ду?
Магар?
Наход?
Оё?!

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.