Италия мегӯяд, ба расмият шинохтани Толибон имкон надорад

Италия мегӯяд, ки ҳукумати Толибонро наметавон ба расмият шинохт, аммо ба афғонҳо бояд кӯмак кард. Хабаргузории “Ройтерз” ба нақл аз Луиджи Ди Майо , вазири корҳои хориҷии Италия гузориш дод, ки гуфтааст, ҳукумат ба раҳбарии Толибон дар Афғонистон ба расмият шинохта намешавад, аммо ӯ аз кишварҳои ҷаҳон хост, то аз буҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар ҷилавгирӣ кунанд. Ба гуфтаи Луиджи Ди Майо, агар бо афғонҳо дар Афғонистон кӯмак сурат нагирад, ин боиси муҳоҷирати васеи ғайриқонунӣ хоҳад шуд. Вазири корҳои хориҷии Италия гуфтааст, ки ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон дар Афғонистон ба хотире имконпазир нест, ки дар кобинаи онҳо 17 нафаре шомиланд, ки муттаҳам ба терроризм мебошанд. Аммо ӯ афзудааст, ки дар фароҳам кардани кӯмакҳои молӣ ба афғонҳо набояд таъхир сурат бигирад. Толибон 15-уми августи имсол вориди Кобул шуда, қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд. То ҳануз ҳеҷ кишвари ҷаҳон ба таври расмӣ ҳукумати Толибонро ба расмият нашнохтааст. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.