Иттиҳоди Аврупо бастани шабакаи “Россия РТР” аз ҷониби Латвияро қонунӣ донист

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Комиссиюни Аврупо қарори ҳукумати Латвия оиди муваққатан, барои се моҳ манъ кардани пахши барномаҳои шабакаи телевизионии “Россия РТР” дар ҳудуди ин кишварро қонунӣ донист. 

  • Дар сомонаи расмии коммисия омадааст, ки Комиссия мутобиқати қонунҳои Иттиҳоди Аврупоро дар бораи чораҳои андешидаи танзимгари Латвия дар асоси Дастурамал оид ба хидматрасонии аудиовизуалӣ (AVMSD) арзёбӣ карда, онро чораи зарурӣ донист, зеро дастур барангехтани зӯроварӣ ё нафратро манъ мекунад.
  • Дар қарори комиссия омадааст, ки Латвия вайронкуниҳои ошкорои ҷиддӣ  дар шакли барангехтани зӯроварӣ ё бадбинӣ дар барномаҳои ин шабакаи телевизионии Русияро собит кард, бинобар ин “муваққатан боздоштани пахши барномаҳои Россия РТР дар Латвия мутаносиб ва асоснок аст”.
  • Ҷониби Русия бо пахши як силсила мавод ин иттиҳомотро радд карданд.  Аз ҷумла раҳбари  бахши равобити байналмилалии ин шабака Пётр Федоров ба РИА Новости гуфтааст, ки ин қарор “адлияи интихобӣ аст”.  Ба гуфтаи ӯ, чораҳои манъкуниро танҳо онҳое истифода мебаранд, ки “далелҳои худро дар баррасиҳои бози журналистӣ ҳимоя карда наметавонанд”.  Аммо ҷониби Латвия бар онанд, ки ин баҳс ба озодии баёну журнализм рабте надорад, балки чораи танзимгар зидди қонунвайронкунии як шабакаи хориҷӣ мебошад.
  • Мавриди зикр аст, ки муваққатан маҳдуд кардани пахши барномаҳои тарғиботии Русия дар ин кишвар бори аввал нест. Дар соли 2019  ҳамин шабака  барои се моҳ маҳдуд шуда буду  солҳои 2015, 2017 ва 2018  пахши барномаҳои “RTR Planeta” бо иттиҳоми барангехтани кинаву адоват муваққатан қатъ шуда буданд.

 

The post Иттиҳоди Аврупо бастани шабакаи “Россия РТР” аз ҷониби Латвияро қонунӣ донист appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.