Иттиҳоди Аврупо чанд мақоми чиниро барои нақзи ҳуқуқи уйғурҳо таҳрим кард 

Рӯзи 22-юми март Иттиҳоди Аврупо эълон кард, ки чор мақомдори Чин ва як ширкати сохтмонии ин кишвар барои нақзи ҳуқуқи аксар мусалмонони уйғуртабор дар вилояти Шинҷон таҳрим мешаванд. Дар вокуниши сареаш Пекин гуфт, ки нисбати 10 мақомдори аврупоӣ таҳримҳои ҷавоб ҷорӣ мекунад.  

Таҳримҳои ҷорикардаи ИА аз манъи сафар ва масдудкунии дороиҳои Чен Мингуо, раиси Бюрои амнияти ҷамъиятии Шинҷон ва муовини раиси вилояти мухтори Шинҷону Уйғур, собиқ муовини раиси маҷлиси вилояти Шинҷону Уйғур Жу Ҳайлун ва ду намояндаи баландпояи маъмурияти ин вилоят Ван Миншан ва Ван Ҷунжен иборат мешавад. Маҷаллаи расмии Иттиҳоди Аврупо, ки ин хабарро нашр кардааст, мегӯяд, Чен Мингуо дар “боздоштҳои худсарона ва муносибати бад бо уйғурҳо ва дигар аққалиятҳои мусалмон, инчунин нақзи доимии озодиҳои динии онҳо” гунаҳгор мебошад. Иттиҳоди Аврупо инчунин  Идораи  истеҳсол ва сохтмони Шинҷонро таҳрим баст. Ин идора дар татбиқи “тамоми сиёсатҳои марбут ба амният, аз ҷумла, мудирияти боздоштгоҳҳо” масъулият дорад, менависад маҷаллаи Иттиҳоди Аврупо.  

Дар иқдоми ҷавобие, ки ҳамон замон аз Пекин садо дод, 10 мақоми аврупоӣ, аз ҷумла, ҳамраиси эътилофи байнипарлумонии Аврупо – сиёсатмадори олмонӣ Рейнҳард Бетикоферро таҳрим кард. Дар қарори Чин омадааст, ки чор сохтори дигари аврупоӣ барои “нақзи ҷиддии истиқлолият ва манфиатҳои Чин дар Шинҷон” таҳрим мешаванд.  

Вазорати хориҷаи Чин инчунин аз ИА тақозо кард, ки “иштибоҳашро ислоҳ кунад” ва ба умури дохилии Чин дахолат накунад. Чин, ки ҳама гуна нақзи ҳуқуқи сокинони Шинҷонро рад мекунад, гуфтааст, уйғурҳо на дар урдугоҳҳои консентратсионӣ, балки дар муассисаҳои бозтарбияи зиддиифротгарӣ таълим дода мешавад.  

Ин аввалин бор баъди соли 1989 аст, ки Иттиҳоди Аврупо Чинро таҳрим мекунад. Он замон Аврупо барои саркӯби эътирозҳои демократӣ дар майдони Тянанмин ба Чин таҳрими силоҳ ҷорӣ кард. Барои ҷорӣ кардани тадбирҳои муҷозоткунанда  болои Чин ҳамаи 27 кишвари узв овоз доданд. Бо ин вуҷуд, вазири хориҷаи Венгрия Петер Сийярто ин чораҳоро “дарднок” ва “бефоида” номид. Ҳукумати Венгрия, ки барои поймолшавии озодии баён мавриди интиқоди Брюссел мебошад, дар бисёр масъалаҳо, аз ҷумла, харидории воксинаҳои зидди COVID-19 ҷӯёи равобити наздиктар бо Русияву Чин мебошад.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.