Иттиҳоди Аврупо дар бораи интихоботи Қазоқистон изҳорот нашр кард

Иттиҳоди Аврупо интихоботи порлумонии рӯзи 10-уми январро дар Қазоқистон натиҷаи “норасоиҳои мунтазам” ва “аз даст рафтани фурсат” унвон кард.

Дар изҳороти Питер Стано, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ омадааст, ки дар шароити мавҷуд набудани рақобати сиёсӣ сокинон “интихоби воқеӣ надоштанд”, зеро “аз соли 2013 ба ин тараф дар Қазоқистон ҳеч ҳизби сиёсии наве сабт нашудааст”.

Стано навиштааст, ки маъракаи интихоботӣ “ба таври самаранок” ташкил шуда буд ва мақомоти Қазоқистон “бо нозирони САҲА ҳамкории зич ба роҳ монданд”. Сарфи назар аз ин ки “Қазоқистон ислоҳотеро рӯи даст гирифта, навгониҳое роҳандозӣ кардааст, вале ин ислоҳот натиҷае надоданд”, навиштааст Стано.

“Тавсияҳои пешини САҲА ба эътибор гирифта нашуданд”, – гуфта шудааст дар изҳорот.

Стано навиштааст, дар интихобот “маҳдудияти озодиҳои муқаддамотӣ”, аз ҷумла “боздошти эътирозгарони осоишта” мушоҳида шудааст.

Намояндаи Иттиҳоди Аврупо аз Қазоқистон даъват кард, ки уҳдадориҳои байналхалқии худро иҷро кунад.

Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Қазоқистон эълом кард, ки дар интихоботи порлумонии рӯзи 10 январ се ҳизб – “Нур Отан”-и ҳоким 76 курсӣ, “Оқ Жол” 12 курсӣ ва Ҳизби мардумии Қазоқистон 10 курсӣ соҳиб шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.