Иттиҳоди Аврупо иҷрои ҳукми қатли Навид Афкориро маҳкум кард

Иттиҳоди Аврупо ба мавҷи интиқодҳо аз иҷрои ҳукми қатли варзишгари қаҳрамони эронӣ ҳамроҳ шуд. Навид Афкории 27-сола рӯзи 12-уми август дар паи  мурофиаи додгоҳие, ки маҳкумияти ҳомиёни ҳуқуқро ба бор овард, қатл шуд.  Ӯро дар куштори як маъмури амниятӣ дар ҷараёни эътирозҳои мардумии зиддиҳукуматӣ дар соли 2018 гунаҳгор ва ба марг маҳкум карданд. Питер Станов, сухангӯи умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар як изҳороташ гуфт, ки “Иттиҳоди Аврупо ин қатлро бо сангинтарин шева маҳкум мекунад”. Қаблан ИА мухолифи ҳукми қатли варзишгари номӣ шуда, онро “як муҷозоти ғайриинсонӣ” номида буд. Сухангӯи вазорати хориҷаи Олмон ҳукми Афкориро “шубҳабарангез” номид ва гуфт, “эътирофҳои ӯ таҳти шиканҷа ба даст омадааст”. Низоми додгустарии Эрон иддаоҳои хонаводаву фаъолон дар бораи шиканҷа шудани Афкорӣ ба хотири эътирофи қатлро рад кардааст. Котиби давлатии ИМА Майк Помпео иҷрои ҳукми қатли Афкориро “як амали ваҳшиёна” номид.  Афкорӣ як қаҳрамони миллӣ дар варзиши гӯштӣ буд, ки дар Эрон варзиши фавқулодда маъруф ба шумор меравад. Кумитаи байналмилалии Олимпӣ гуфт, аз он ки даъвати варзишгарон аз саросари ҷаҳон барои бозбинӣ шудани ҳукми Афкорӣ нодида гирифта шуд, “амиқан нороҳат” шудааст. Фаъолони ҳуқуқ гуфтанд, ки додгоҳ инчунин ду бародари Афкориро аз рӯи ҳамин парванда ба 54 ва 27 соли зиндон маҳкум карданд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.