Иттиҳоди Аврупо иддаои Чехро дар бораи нақши ду ҷосуси руси муттаҳам дар таркиши захирагоҳи силоҳ баррасӣ мекунад

Рӯзи 19-уми апрел қарор аст вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо иддаои Ҷумҳурии Чех дар бораи нақши ду ҷосуси Русияро баррасӣ кунанд, ки ба бовари мақомоти Прага, дар ташкили таркиши як захирагоҳи силоҳ дар соли 2014 даст доштанд ва инҳо ҳамон шахсоне ҳастанд, ки  дар заҳролудкунии Скрипалҳо дар соли 2018 дар Бритониё муттаҳам ҳастанд. Нахуствазири Чех Анджей Бабиш рӯзи 17-уми апрел эълон кард, ки 18 дипломати русро аз хокаш ихроҷ мекунад ва дар посух Маскав ҳам гуфт, ки 20 дипломати чехро аз хокаш меронад. Моҷарои бархоста баъди соли 1989 – замони  суқути ҳукумати коммунистӣ дар ин кишвари хурди Аврупои Марказӣ, ки як узви НАТО мебошад,  бесобиқа аст ва таниши миёни Маскаву Ғарбро боз ҳам бештар мекунад.

Бабиш дар изҳороти рӯзи шанбеаш гуфт, ки далели мӯътамади  муфаттишони Чехро дар ихтиёр доранд, ки дар он аз нақши ҷосусони рус дар таркиши соли 2014 дар шаҳри Врбетитсе сӯҳбат мешавад. Бабиш гуфт, ин кори дасти ходимони ГРУ ё Сарраёсати ҷосусии маъруф бо рақами  29155 мебошад. Ин бахш дар чандин талоши сӯиқасд ба ҷони инсонҳо дар Аврупо гумонбар мешавад ва яке аз онҳо заҳролудкунии падару духтар Скрипалҳо дар шаҳри англисии Салисбури мебошад.

Муҳимоти низомиву силоҳе, ки соли 2014 нобуд карда шуд, тибқи гузоришҳо, бояд ба Украина ирсол мешуд. Ин кишвар аз соли 2014 бо ҷудоиталабони рӯ ба Кремлин дар ҳоли низоъ мебошад. Дар таҳқиқот маълум шудааст, ки як созмони тоҷири силоҳ дар Булғористон ҳам бояд мавриди ҳадафи ҳамла қарор мегирифт.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.