Иттиҳоди Аврупо ва Амрико чанд мансабдори Беларусро таҳрим карданд

Иттиҳоди Аврупо эълон кард, ки нисбат ба чил шаҳрванди Беларус, ки дар тақаллуби интихоботи ин кишвар даст доранд, таҳрим ҷорӣ кардааст.

Қарор рӯзи 1-уми октябр қабул шудааст, вале он рӯзи 2-уми октябр дар маҷаллаи Иттиҳоди Аврупо нашр шуд.

Вазири корҳои дохилӣ, муовини вазир, раҳбарони комиссияи марказии интихобот ва раҳбари дастаи ОМОН дар руйхати таҳримшудаҳо қарор доранд.

Александр Лукашенко, президенти Беларус шомили ин руйхат нест.

Ба гуфтаи Эмануэл Макрон, президенти Фаронса ворид кардани Лукашенко ба ин рӯйхат маънои ради гуфтугӯ бо ӯро дошт.

Вазорати молияи Амрико низ нисбат ба ҳашт шаҳрванди Беларус таҳрим ҷорӣ кард.

Юрий Караев, вазири корҳои дохилии Беларус ва муовини ӯ, фармондеҳи нерӯҳои дохилӣ Юрий Назаренко ва муовини ӯ Хазалбек Атабеков,  Дмитрий Балаба, фармондеҳи ОМОН шомили ин руйхат ҳастанд.

Раҳбарони комиссияи Марказии интихоботи Беларус низ дар ин руйхат ҷой доранд.

Ин таҳримҳо дар ҳолест, ки ду моҳ боз дар Беларус шаҳрвандон эътироз доранд.

Ҳазорон нафар натиҷаҳои интихоботи рӯзи 9-уми августро қабул надоранд.

Бар асоси он, Александр Лукашенко ғолиб эълон шудааст.

Мухолифон Светлана Тихановская, рақиби Лукашенкоро ғолиб медонанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.