Иттиҳоми нав алайҳи Мария Колесникова, яке аз раҳбарони мухолифони Беларус

Манбаъҳои мухолифон рӯзи 12 феврал гуфтанд, мақомоти Беларус ба иттиҳомоти Мария Колесникова ва Максим Знак – ду  фаъоли мухолифон, моддаҳои нави вобаста ба “тавтеа ба хотири ғасби қудрат ва ифротгароии ташкилшуда” илова карданд.

Ин ду нафар аъзои муҳими Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифони Беларус буданд, ки баъди интихоботи баҳсбарангези президентӣ дар моҳи августи соли 2020  бо ҳадафи интиқоли сулҳомези қудрат ташкил шуд.

Иттиҳомоти нав дар ҳоле эълон шуд, ки Александр Лукашенко дар як ҷаласае, ки онро Анҷумани мардумии Беларус номиданд, дар бораи гӯё роҳандозӣ кардани ислоҳот ва тағйири конститутсия сӯҳбат кард, вале мунаққидон мегӯянд, дар пасманзари эътирозҳои сартосарӣ дар асл ӯ мехоҳад дар ин муддат вақтро ба манфиати худ истифода кунад.

Иттиҳоми нави Колесникова ва Знак ба онҳо то 12 соли зиндон таҳдид мекунад. Мухолифон гуфтанд, ки интихобот тақаллуб шуд ва Ғарб ҳам натиҷаҳои онро эътироф накард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.