Иттифоқи нависандагон Низом Қосимро дигарбора раис интихоб кард

Низом Қосим барои панҷ соли дигар раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд. Дар Анҷумани 15-уми Иттифоқи нависандагон, ки рӯзи 23 декабр дар Душанбе баргузор шуд, Низом Қосим бидуни рақиб дигарбора ба ин мақом расид. Низом Қосим аз тобистони соли 2015 раҳбарии ин созмони адабиро ба ӯҳда дорад.

Дар ин анҷуман беш аз 200 шоиру нависанда иштирок доштанд ва масъалаи тағйири номи ин ниҳод ба Иттифоқи адибон низ матраҳ шудааст.

Ба гуфтаи масъулини Иттифоқи нависандагон, дар панҷ соли ахир 71 тан аз аъзои Иттифоқи нависандагон фавтида, 41 нафар аз ин ниҳоди адабӣ ихроҷ шудаанд.

Иттифоқи нависандагон дар чаҳор соли ахир ба поккории сафҳои худ оғоз карда буд. Дар ин муддат даҳҳо нафарро барои “тасодуфӣ будан” аз ин созмони эҷодӣ берун карданд.

Дар ҷомеа ва миёни коршиносон ин назар вуҷуд дорад, ки солҳои охир мақомот аз рӯи фаъолияти адибон назоратро сахттар карда ва онҳо ба ҷойи эҷоди асарҳои дархӯри замон, аз ҷумла мавзуи муҳоҷирату бекорӣ, бештар ба таълифи китобу таронаҳои ситоишӣ дар васфи мақомот рӯй овардаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.