Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бошгоҳи футболи “Ахмат” ва бунёди Қодировро таҳрим кард

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Иёлоти Муттаҳида бошгоҳи футболи Чеченистон “Ахмат”,  бунёди “Ахмат Қодиров” ва чандин ташкилоту ашхоси дигари марбут ба сарвари Чеченистон Рамзан Қодировро ба рӯйхати таҳримҳо тибқи “Қонуни Магнитский” шомил кард.

  • Дар байни созмонҳое, ки ба рӯйхати таҳримҳои интишорнамудаи Вазорати молияи ИМА дар Рӯзи ҳуқуқи башар шомил карда шуданд, инчунин ширкатҳои  таблиғотии Absolute Championship Akhmat, бошгоҳи муборизаи варзишии “Ахмат”, ширкатҳои ” Оби маъдани Чеченистон” ва ” Мегастройинвест” низ дохил карда шуданд.
  • Тавре дар изҳорот гуфта мешавад, бар зидди панҷ нафаре, ки бо сарвари Чеченистон робита доранд, таҳримҳои инфиродӣ ҷорӣ карда шуданд, ки Сипар Сатил -мураббии асбҳои Рамзан Қодиров аз он ҷумла мебошад.
  •  “Қонунии Магнитский” дар Иёлоти Муттаҳида моҳи декабри соли 2012 қабул карда шуд. Он алайҳи шаҳрвандоне пешбинӣ шудааст, ки ба гуфтаи Вашингтон, дар марги  вакили дифоъ Сергей Магнитский ва дигар нақзи ҳуқуқи инсон даст доранд.
  • “Дӯстон!  Амрико  бо варзиш, ҳамсарон, кӯдакон, созмонҳои хайрия, варзишгарон, аспҳо ва ғ… мубориза оғоз кард. Инро метавон танҳо “камоли беақлӣ” номид, зеро таърихи тамоми инсоният то ба ҳол чунин як чизи бемаъниро дар ёд надорад”,  изҳор дошт Қодиров дар коноли телеграммияш  дар бораи ин таҳримҳо.
  • Худи Қодиров моҳи декабри соли 2017 “барои куштори ғайриқонунӣ, шиканҷа ва дигар нақзи дағалонаи ҳуқуқи инсон” ба рӯйхати таҳримҳо дохил карда шуд.
  • Дар Чеченистон шомил шудани Қодиров ба “рӯйхати Магнитский” “тӯҳфаи солинавӣ” номида шуд. Ва худи сарвари ҷумҳурӣ гуфт, ки ба Иёлоти Муттаҳида нахоҳад рафт, ҳатто агар ба ӯ “тамоми захираҳои асъори кишварро ҳамчун ҷоиза ваъда кунанд”.
  • Мақомоти Бритониё ҳамчунин рӯзи панҷшанбе таҳримҳои марбут ба нақзи ҳуқуқи инсонро эълом карданд. Дар рӯйхати Бритониё раиси Порлумони Чеченистон Магомед Даудов, раҳбари собиқи полиси Аргун Аюб Катаев, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Чеченистон Апти Алаудинов ва Шӯъбаи махсуси вокуниши сареъи ” Терек” шомил  карда шуданд.
  • Ёдовар мешавем, ки Вазорати корҳои хориҷии ИМА тобистони имсол алайҳи Қодиров, ҳамсар ва духтарони ӯ таҳримот ҷорӣ кард. Пас аз он, Қодиров дар канали Telegram аксашро бо ду пулемёт дар даст нашр кард ва навишт: “Помпео, мо ҷангро қабул мекунем! Минбаъд ҷолибтар хоҳад буд!”
  •  Қодиров аз моҳи июли соли 2014 инчунин таҳти таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо, ки аз дар робита ба ҳамроҳ кардани Қрим ба Русия  ва даргириҳо дар шарқи Укроин ҷорӣ гардид, дохил карда шуд.

The post Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бошгоҳи футболи “Ахмат” ва бунёди Қодировро таҳрим кард appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.