Изҳороти ҳаракати сиёсии “Гуруҳи 24” оид ба ҳаводиси Фаронса

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Ҳаракати сиёсии “Гуруҳи 24” бо пахши як изҳорот дар сомонаи расмияш дар баробари ҳаводиси ахири Фаронса мавзеъгирӣ кард. Матни баёнияро бидуни таҳрир пешкаши хонандаи гиромӣ мекунем: 

 “29-уми октябр, пас аз қатли се нафар дар Калисои Норт – Дами шаҳри Нитсе дар Фаронса, болотарин сатҳи таҳдиди террористӣ эълон гардид. Раисҷумҳури Фаронса ин ҳодисаро “амали терроризми исломгаро” номид. Вобаста ба ин, барои мубориза бо терроризм, пеш аз ҳама, барои ҳимоят аз маконҳои динӣ ва муассисаҳои таълимӣ беш аз 7 ҳазор низомиён ҷалб карда мешаванд.

 Худи ҳамон рӯз, дар Авинон ба кормандони полис ҳамла сурат гирифт ва ҳамлагар ба қатл расонида шуд. Ҳамчунин боз ду амали терористӣ пешгирӣ карда шуд.

Дар Лион марде бо корд дар вокзал боздошт гардид, ки қасд дошт ба мусофирони трамвай ҳамла кунад.

Дар канори Порис бошад, марде боздошт шуд, ки қасди ба калисо ҳамла карданро дошт. Ду ҳафта қабл, Фаронса аз куштори муаллими мактаб – Семуэл Патӣ, ки дар дарсҳои худ карикатураҳои пайғамбари ислом – Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро ба унвони намоише аз “озодии сухан” нишон медод, ба даҳшат афтод.

Дар маросими ёдбуди муаллими кушташуда, раисҷумҳури Фаронса Эмануел Макрон эълон кард, ки аз арзишҳои Ҷумҳурӣ, махсусан озодии баён дифоъ хоҳад кард ва аз карикатура даст нахоҳад кашид. Илова бар ин, ин карикатураҳо дар биноҳои давлатӣ нишон дода шуданд.

Ин ҳама дар ҷаҳони ислом мавҷи эҳсосоти зиддифаронсавиро ба бор овард. Дар бисёре аз кишварҳо бар муқобили нишон додани карикатураҳои пайғамбари ислом Муҳаммад (с) гирдиҳамоиҳо доир шуданд. Сиёсатмадорони кишварҳои барҷастаи исломӣ ба Макрон ҳушдор доданд, ки ” таҳқири паёмбар ба озодии баён ҳеҷ иртиботе надорад ва баръакс ҳисси нафратро бармеангезад”.

Аз тарафи дигар, ҳамаи ин рӯйдодҳо боиси эҷоди эҳсосоти зиддиисломӣ дар кишвар шуд. Масалан, 18 октябр дар Порис ду зан бо фарёдҳои “ба кишвари худ баргард” ба занони мусалмон бо корд ҳимла карданд.
“Гурӯҳи 24” ба хонаводаҳои кушташудагони бегуноҳ арзи таслият менамояд ва мо бар инем, ки ҳеҷ дине эҷодгари терроризм нест ва инро ба худ раво намебинад. Дар баробари ин, мо амалҳои раисҷумҳур Макронро, ки сабаби эҷод гаштани душманӣ ва кина миёни адён ва аҳолии осоиштаи Фаронса мегардад, маҳкум мекунем, бале “озодии баён” барои Ҷумҳурӣ муҳим аст, вале озодии баён дар марзи арзишҳои дигарон хотима меёбад, чӣ расад ба таҳқири Паёмбари бештар аз 1.5 миллиард мусалмон?

Дар ин бора кам касон садо баланд мекунанд, ҳарчанд ҳама мефаҳманд, ки раисҷумҳури Фаронса бо изҳорот ва амалҳои нохудогоҳонаи худ тамоми вақоеъи ваҳшатноки ба амаломадаро барангехт. Имрӯзҳо Фаронса дар робита бо афзоиши ҳолатҳои сироят бо вируси куруно вазъи душвор дорад. Як рӯз пештар Макрон эълон кард, ки аз 30-юми октябр то 1-уми декабр дар кишвар карантин ҷорӣ мегардад. Танҳо дар ҳолати харидории маводи ғизоӣ, муроҷиат ба табиб ва дар сурати набудани имкони кори фосилавӣ Шумо метавонед ба кӯча бароед. Барои корҳои инфиродӣ, варзиш ва ба сайр баровардани ҳайвоноти хонагӣ аз манзили зист 1 км дуртар рафтан мумкин нест. Ҳаракат байни минтақаҳо манъ аст. Танҳо тафовути аслӣ аз карантини баҳорӣ ин аст, ки мактабҳо фаъолият мекунанд. Мардум аз сабаби карантини дар пешистода афсурда шудаанд ва аз рӯй додани ҳар иттифоқе метарсанд. Тамоми соҳаҳои истеҳсоли маводи ғизоии ҳалол аз сабаби таҳрим аз ҷониби кишварҳои мусалмонӣ хисорот мебинанд. Мо ба хиради сиёсатмадорони аврупоӣ ва ҳалли муваффақонаи вазъ дар ояндаи наздик умедворем.
Мо дар ин вазъи душвор мардуми Фаронсаро дастгирӣ мекунем. Осоиштагии мардуми Фаронса болотар аз қарору эҷодкориҳои ҳар маҷалла ва касони бехираде меистад”
Ҳаракати сиёсии”Гурӯҳи 24″

The post Изҳороти ҳаракати сиёсии “Гуруҳи 24” оид ба ҳаводиси Фаронса appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.