Изҳороти Ҷо Байден оиди тағйири масири тайёраи Ryanair ва боздошти рӯзноманигор дар Белорус

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Президенти ИМА иҷборан тағйир додани самти парвози тайёраи ширкати урупоӣ ва боздошти рӯзноманигори мухолиф дар Белорусро шадидан маҳкум сохта, аз таҳримҳои мақсадноки Иттиҳоди Аврупо зидди режими Белорус истиқбол кард.

  • Дар изҳороти Ҷо Байден, ки дар сомонаи Қасри сафед ба нашр расид, омадааст, ки “Тағйири иҷбории масири ҳавопаймои Ryanair, ки  дар байни ду кишвари узви Иттиҳоди Аврупо парвоз дошт, ихроҷ ва ҳабси минбаъдаи Роман Пратасевич, рӯзноманигори белорус, ки ба хориҷ сафар дошт, дар Беларус мустақиман ба меъёрҳои байналмилалӣ муқобилат мекунад. Иёлоти Муттаҳида ҳам тағйир додани самти парвози ҳавопаймо, ҳам хориҷ ва ҳабси минбаъдаи ҷаноби Пратасевичро шадидан маҳкум мекунад”.
  • “Ин ҳодисаи ғазабовар ва видеое, ки зоҳиран ҷаноби Пратасевич таҳти фишор таҳия кардааст, ҳамлаҳои шармовар ба мухолифони сиёсӣ ва ҳам озодии матбуот мебошанд. Иёлоти Муттаҳида ба даъвати кишварҳои ҷаҳон мепайвандад, ки талаби раҳои ӯ ва инчунин садҳо маҳбуси сиёсиро доранд, ки режими Лукашенко ба таври ғайриодилона зиндонӣ кардааст, – изҳор доштааст Президенти ИМА.
  • Дар идомаи изҳорот Ҷо Байден аз тафтишоти байналмиллалии қазия ва таҳримҳои мақсадноки Иттиҳоди Аврупо зидди режими Белорус истиқбол карда, таъкид кардааст, ки   далерӣ ва азми белорусҳоро, аз ҷумла рӯзноманигорони назири Роман Пратасевич ва пешвоёни оппозисиюн, ба мисли Светлана Тихановска ва шавҳари ӯ, Сергей Тихановски арҷ мегузораду “Иёлоти Муттаҳида минбаъд низ дар мубориза бо мардуми Белорус хоҳад буд”.
  • Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Белорус натиҷаи амалиёти махсус будани тағйири масири тайёра ва ҳабси рӯзноманигори мухолифро радд мекунанд, вале ҳич далеле мувассақе пеш намеоранду далелҳои ҷониби Белорус, назири “мактуби ҲАМОС бо забони русӣ” мавриди хандахариш қарор мегиранд.

The post Изҳороти Ҷо Байден оиди тағйири масири тайёраи Ryanair ва боздошти рӯзноманигор дар Белорус appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.