Издивоҷи тоҷикон бо хориҷиҳо коҳиш ёфт

Cоли гузашта издивоҷи бонувони тоҷик бо шаҳрвандони хориҷӣ камтар шудааст. Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, дар соли гузашта 192 ҳолати издивоҷи занони тоҷик бо шаҳврандони кишварҳои дигар аксарон бо зодагони Русия, Узбекистон, Афғонистон ва Чин сабт шудааст, ки нисбати соли 2019 – 11 маврид камтар аст. Аксарияти мавридҳои никоҳ бо хориҷиён дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба қайд гирфта шудааст. Вазорати адлия кам шудани шумораи чунин никоҳҳоро ба татбиқи қонунгузории Тоҷикистон дар бахши издивоҷ бо хориҷиён рабт дод, ки он хориҷиёнро вазифадор мекунад, пеш аз издивоҷ бо шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамсари ояндаи худро бо манзили зист таъмин кунанд. Шарти дигар ин аст, ки шаҳрванди хориҷӣ бояд дастикам як соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ карда бошад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.