Иззат Амон

Аълочӣ, иқтисоддон, адвокат, ҳомии ҳуқуқи башар ва сиёсатмадор Иззат Амон 20-уми апрели 1973 дар деҳаи Зафари ноҳияи Рудакии Тоҷикистон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. 

Таҳсилро соли 1980 дар мактаби шумораи 67 ба номи Дмитрий Менделееви ҳамин ноҳия шуруъ карда, мактабро соли 1990 бо баҳои аъло  хатм намудааст.

Соли 1993 донишҷӯи факултаи иқтисодии Донишгохи миллии давлатии Тоҷикистон шуда, онро соли 1998 бо баҳои аъло хатм кардааст.

Ҳамон сол ҷиҳати идомаи таҳсил ба хориҷ рафта, то 2001 дар Донишгохи Разавии шаҳри Машҳади Эрон дар риштаи улуми сиёсӣ  таҳсил  кардааст.

Бо анҷоми таҳсил дар ин донишгоҳ, дар соли 2001 роҳ сӯи Арабистони саудӣ гирифта, то 2003 дар Донишгоҳи байналмиллалии шаҳри Мадина забони арабӣ омӯхтааст.
Соли 2003 ба Тоҷикистон баргашта баъди як муддат ба Русия меравад ва онҷо то 2006  дар ширкати тиҷоратии “Пез – спетспоставка” ба ҳайси мудири бахши тиҷорат кор кардааст. Аз ҳамон давра мустақилияти молӣ дорад.

Соли 2006 дубора ба ҳавзаи илмии Русия ворид шуда, то 2009 донишҷӯи факултаи равобити байналмилали Академияи диплумосии Вазорати корҳои хориҷии Русия будааст.

Соли 2009 то 2012 аспиранти Академияи хидмати давлатии назди дастгоҳи президенти Русия  шуда, дар мавзуъи “Иттиҳоди Авруосиё: таъсис, ва мушкилоти рушд. Нигоҳи сиёсӣ” таҳқиқ анҷом додааст.

Замони таҳсил дар ин академия, дақиқтараш соли 2010 ба фаъолияти ҷамъиятӣ шуруъ карда, дар Русия Созмони байналмиллалии “Маркази ҳимоя аз ҳуқуқи инсон” таъсис медиҳад ва роҳбарии онро ба уҳда мегирад.  Аз ҳамон давра, дар маҳфилҳои илмиву сиёсиву ҳузур пайдо кардааст.

Дар соли 2011 талош кард, ки дар Тоҷикистон ҳизби сиёсӣ сабтином кунад, аммо муваффақ нашуд.

Шуруъ аз соли 2013 то имрӯз бо тахассуси “ҳуқуқи муҳоҷират” корманди Бюрои адвокатии “Международное” мебошад. Аз шумори нахустин тоҷикҳо буд, ки ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи муҳоҷиронро расонаӣ карда, бебокона ба коргоҳҳои бегона ворид мешуд.

Чанд муддат дар донишгоҳҳои гуногуни ИМА ва Иттиҳоди Урупо ба унвони коршиноси соҳаи мухочират дарс гуфтааст.  Пайваста ба таҳқиқ ва худомӯзӣ машғул мебошад. Дар даҳҳо ҳамоишҳои илмӣ ширкат ва суханронӣ доштааст.

Соли 2019  созмони “Маркази тоҷикон”-ро таъсис дода, раҳбарии онро бар душ дорад. Созмонҳои таъсисдодаи Иззат Амон аслан ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони корӣ машғул буда, ҷанбаи амалӣ доранд. Дар пайи ин фаъолият ӯ бо намояндаҳои гуногуни Сафорат, консулгариҳои Тоҷикистон ва намояндагиҳои мақомоти қудратии Тоҷикистон дар Русия бархурди мухталиф доштааст.

Дар пайи суханрониҳои интиқодӣ ва мавзеъгириҳои шаҳрвандӣ дар масоили иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон чанд маврид зери фишори мақомоти Тоҷикистон қарор гирифтааст. Расонаҳо аз таъқиби сиёсии ӯ низ хабар дода буданд.
Ашхоси алоҳида ва гуруҳҳое ҳам аз таваҷҷуҳи зиёди ӯ ба сиёсиёни мазҳабӣ ҳадс мезананд, аммо ӯ ҳамеша аз мустақил будани худ таъкид мекунад ва гоҳе ҳам вориди баҳсҳои шадид бо интиқодгаронаш мешавад.

15 сентябри соли 2019 аз оғози талош барои сабти номи ҳизби сиёсии “Тағйирот, Ислоҳот ва Рушд” бо намояндагӣ аз муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия хабар дод, аммо муваффақ нагашт. Расонаҳо аз фишор сари хешу ақрабои ӯ дар Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тоҷик аст. Донандаи забонҳои русӣ, арабӣ ва инглисӣ мебошад.
Мусалмони ҳанафимазҳаб. Демократ. Оиладор,  чор фарзанд дорад.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.