Иззат Амон мегӯяд, пулис дафтари Маркази тоҷиконро тафтиш кардааст

Маъмурони пулиси Маскав дафтари Маркази тоҷикон дар ин шаҳрро бо баҳонаи “ҷустуҷӯйи адабиёти ифротгароёна” тафтиш кардаанд.

Иззат Амон, раиси Маркази тоҷикон дар Маскав, рӯзи 14-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони бахши мубориза бо терроризм ва экстремизми пулис бо дастури махсус вориди дафтари кории онҳо шуданд.

Дар ин дастур, ки нусхаи он дар саҳифаи фейсбукии ин фаъоли тоҷик нашр шудааст, гуфта мешавад, “Холов Иззат эҳтимол тарғиботи ифротгароии диниро ба роҳ мондааст”.

“Ба ин марказ пайваста афроди ношинос меоянд, ки бо эҳтимол аз навъи исломи ифротӣ пайравӣ мекунанд, меомӯзанд ва дар қаламрави Маскав даст ба амалҳои ғайриқонунӣ мезананд”, — гуфта шудааст дар ин дастур.

Иззат Амон мегӯяд, зоҳиран ин як ҳушдор ба ӯ дар бораи фаъолиятҳояш дар мавриди ҳимоя аз ҳуқуқи муҳоҷирон буд, ки ба ҳукумати Русия ва Тоҷикистон хуш намеояд. Ӯ гуфт: “Омаданд, коғазҳоро диданд ва рафтанд. Чизеро бо худашон набурданд. Танҳо як ҷевони калонро диданд, тамом.”

Ин фаъоли тоҷик гуфт, ӯро барои суҳбат бо раҳбари ин идора даъват кардаанд ва пас аз суҳбат маълум хоҳад шуд, ки онҳо чӣ мехоҳанд: “Муҳим нест, ки ном гирем, вале маълум аст, ки бод аз куҷо мевазад.”

Ин фаъоли тоҷик дар Русия барои ҳимоя аз ҳаққи тоҷикон кор мекунад. Дар ду соли ахир ӯ аз сиёсатҳои мақомоти тоҷик тунд интиқод мекунад ва мегӯяд, нисбат ба ӯ дар Тоҷикистон парванда кушодаанд.

Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд ва ҳамеша аз нақзи ҳуқуқи онҳо дар ин кишвар гузориш мешавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.