Ҷоизаҳои рӯзноманигории тоҷик- 2021. Феҳристи номзадҳо

Раёсати Кунгураи урупоии рӯзноманигорон ва блогнависони тоҷик бо камоли эҳтиром феҳристи дарози номзадҳои ҷоизаҳои рӯзноманигории созмон барои солҳои 2020 -2021 пешниҳод мекунад.

Номзадҳо дар феҳристи зерин бо тартиби алифбоӣ зикр шуда, тибқи асосномаҳои ҷоизаҳо танҳо яке аз онҳо аз ҳар номгӯй  дар Рӯзи ҷаҳонии озодии баён баранда эълом хоҳанд шуд.
Инак,

Ҷоизаи “Наҷобат” ба номи Акбари Саттор

Ҷоизаи мазкур ба рӯзноманигорон ва блогнигороне эҳдо мешавад, ки дар лаҳзаҳои ҳассос ва мушкили фаъолият арзишҳои рӯзноманигорӣ ва хидмат ба ҷомеаро пос медоранд

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори мустақил, блогер

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори мустақил

Абдурашид Қаюмзод, блогнигор, гардонандаи маҳфили “Аз ҳар зовия”

Ёқуби Ҳалим, рӯзноманигор-тадқиқотчӣ

Иқбол Тешаев , сухангӯи шаҳрдории Исфара

Ҷоизаи “Садоқат” ба номи Шарифамоҳи Кишвардухт

Ҷоизаи мазкур ба бонувони рӯзноманигор ва блогнигор ҳар сол як маротиба барои нашри матолиби пураҳаммият ё анҷоми тарҳҳо дар мавзӯъи ҷинсият эъто мешавад

Аниса Собирӣ, коргардон ва блогнивис

Афсона Акобиршоева, хабарнигори мустақил

Таҳмина Ҳакимова, рӯзноманигор, коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ

Манижа Сангин, овозхон, сафири Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезагон

Моҳпора Киромова, рӯзноманигор, филмсоз

Ҷоизаи “Ҷасорат” ба номи Бӯринисо Бердиева

Ҷоизаи мазкур ба мудофеъони ҳуқуқи башар, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва блогнивисон ҳар сол як бор амалҳо ва матолиби дар соли охир мунташиршуда эъто мешавад

Иззат Амон, ҳуқуқдон ва мудофеъи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия

Каримҷон Ёров, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, мудофеъи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, сил

Шуҳрат Қудратов, мудофеъи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия

Маҳмурод Одинаев, омбудсмени мардумӣ, маҳбуси сиёсӣ

Ҷоизаи “Бунёнгузор” ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Ҷоизаи мазкур ба падидоварандагони ниҳоду барномаҳои нав ё талош барои эҷоди созмонҳои мардумниҳод соле як бор эъто мешавад

Бек Нарзӣ, тарҳи “ДастарХантер” ва бренди инфиродӣ

Зебо Тоҷибоева, бунёнгузори тарҳи Академияи подкастҳои “Се хирс”

Набӣ Юсупов, муассиси тарҳи расонаии “Нуктаи назар ”

Илҳоми Ҷамолиён, бунёнгузори тарҳи “Расонашиносӣ” ва  “Роҳ ба сӯи хирадмандии рақамӣ”

Шаҳобуддини Шуҷоъ, тарҳи расонаии “Равзан”

Маврид ба зикр аст, ки тибқи талаботи асосномаҳои ҷоизаҳо ғолибони ҳар ҷоизаро ҳайати доварон иборат аз ҳафт нафар, ки чеҳраҳои шинохтаи кишвар мебошанду танҳо ду нафарашон аъзои раёсати Кунгура ҳастанд, маълум мекунанд.

Таъкид месозем, ки ҳадаф аз таъсиси ҷоизаҳои мазкур қадрдонии фаъолияти хоси хабарнигориву блогнависӣ, тарғиби арзишҳои касбиву рисолати журналистӣ дар муҳити расонаии Тоҷикистон ва таҳкими ҷомеаи маданӣ дар кишвар мебошад.

Раёсати EUCTJ

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.